ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ЗАНОН

131

Имрӯзҳо бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан-сарвар” ба роҳ монда шудааст. Дар маҳфили навбатии “Зан – сарвар” бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок намуданд.

Дар маҳфил номзади илмҳои педагогӣ, дотсентАълочии маорифи Тоҷикистон Латофат Назирӣ иштирок намуда, бо донишҷӯдухтарон дар боби масъалаҳои муҳимми илмию таълимӣ суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо занон дар баробари шумораи зиёди аҳолӣ, ҳамчун кормандони муваффақ дар ин ё он соҳаи дахлдори давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар доранд. Истиқлолияти давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин, роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодааст. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши хосае доранд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии «Зан-сарвар», пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносии занону духтарон, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин, мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Ин аст ки ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои занон, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро амалӣ намуда, зимнан баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон ва рушди оила пайваста силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор мегирад.