ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҶРОИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ТАҲСИЛ

20

Имрӯз (24.01.2025) бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю кафедраҳо ва сохторҳои зертобеҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи раёсат баргузор гардид.

Дар ҷаласа ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. масъалаҳои мубрами илмию таълими ва тарбиявию байналмилалиро тавъам баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагиҳо ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои сохторҳои гуногуни Донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсил (2024-2025) мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар қисмати аввали ҷаласа масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҶТ ва дар Паёми навбатияшон таъкид шуда буданд. Ин ҳам бошад, масоили татбиқи барномаву стратегияҳои давлатию соҳавӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмин намудани ҳузури донишҷӯён дар дарс, омода будани омӯзгорон ба дарсҳо, ҷавобгӯ будани матни лексияҳои онҳо ба стандартҳои имрӯза, рақобатпазирии таълим ва рушди инноватсия, навиштани китобҳои дарсӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, мавзӯоти рӯз будани дарсҳои тарбиявӣ, андешидани тадбирҳо дар самти эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 – «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» буданд.

Дар зимн муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот Мирзамонзода Х.М. дар робита ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ маълумот дода, дар самти пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбиявию байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа масъалаҳои муҳимму саривақтӣ, аз қабили пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муқовимат ва чораҳои пешгирӣ бо терроризм ва экстремизм байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси миллии онҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон, аз байн бурдани норасогии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта, хусусан дар ихтисосҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби ректори Донишгоҳ масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.