
Имрӯз (28.11.2025) дар доираи нақшаи вохӯриву мулоқотҳои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо устодону кормандони воҳидҳои сохторӣ, мулоқоти навбатии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ бо ҳайати устодону омӯзгорон ва кормандони факултетҳои молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони ректор, роҳбарони раёсатҳо ва мудирони бахшҳои дахлдор низ ҳузур доштанд. Профессор Насриддинзода Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки анҷом додани чунин мулоқотҳо ба ҷараёни таҳлил ва натиҷагирии фаъолиятҳои факултетҳо мусоидат намуда, иҷрои нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ дар онҳо мавриди баррасии мунтазам қарор мегирад.
Ректори Донишгоҳ ба роҳбарияти факултетҳо барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, фаъолияти тарбиявӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.

Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму маориф, иҷрои барномаҳои давлатӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ, ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҷалби донишҷӯён ба раванди таълим, таъмин намудани сари вақт дифоъ гардидани рисолаҳои илмӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва фаъолсозии таълимгоҳҳои ҷамъиятӣ аз масъалаҳои асосие буданд, ки дар ҷараёни мулоқот таъкид гардиданд.
Ҳамчунин, Исмоил Шарифзода – сардори Раёсати таълим ва Бурҳоналӣ Шерзода – мудири шуъбаи ҳуқуқ доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти факултетҳо, аз ҷумла ҷараёни таълим, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ маълумот дода, пешниҳодҳои амалии худро ҷиҳати таҳкими фаъолияти минбаъда пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми мулоқот, ректори Донишгоҳ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетҳо тавсияҳо дода, ба устодону кормандон барои иҷрои босамари вазифаҳои касбӣ барору муваффақият орзу карданд.








