Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалигардонии Лоиҳаи “Беҳтаргардонии ҷараёни таълим ва васеъгардонии имкониятҳои (кортаъминкунӣ) хатмкунандагон”(Созишномаи грантӣ №20/1-2), бо мақсади таҳия намудани модулҳо дар мавзӯи “Стандартҳо ва тавсияҳо оид ба таъмини сифати аврупои таълим” озмуни кушод эълон менамояд. Тамоми профессорон, номзадҳо, омӯзгорон, ва дигар кормандоне, ки касбияташон мувофиқ аст, метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешро ба Шуъбаи кадрҳо (1-ум ошёна, утоқи кории 17) ё ба бинои асосӣ, Бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ (3 – юм ошёна 63 –юм кабинет) пешниҳод намоянд.
Талаботҳо нисбати номзадҳо (бо ҳуҷҷат тасдиқ намоед):
- Маълумоти олӣ;
- Таҷрибаи корӣ дар самти омӯзиш ва тадқиқи ҷараёни таълим;
- Таҷрибаи таҳия намудани китоби дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар модулҳои дарсӣ;
Ҳамзамон номзадҳо бояд дорои чунин сифатҳои шахсӣ бошанд:
- Ташаббускор;
- Масъулиятшинос;
- Эъҷодкор;
Тамоми номзадҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои хешро ба суроғаи дар боло дарҷ гардида то саннаи 14.04.2020 то соати 16:00 пешниҳод намоянд.