ТАВАҶҶУҲ БА ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2024 ВА ИҚДОМҲОИ ТОЗАИ ДОНИШГОҲ

68

Имрӯз (28.01.2025) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва наздик ба 40 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2024 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «соли сипаригардида бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ ҳамчун муассисаи пешсафи кишвар соли 2024-ро бо дастовардҳои назаррас сипарӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат ректори Донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои марбута доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии Донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2024 соли хотирмон буд. Дар ин сол фаъолияти меҳнатии аҳли Донишгоҳ ба таҷлили сазовори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» равона шуда, дар ин давра, Донишгоҳ ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самтҳо ноил гардид.

Рушду пешрафти самтҳои фаъолияти Донишгоҳ аз татбиқи муназзам ва ҳадафмандонаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Фаъолияти босамар ва натиҷабахши устодону кормандон ва муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифат буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30-юми майи соли 2024 бавижа қайд намуданд: «устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд». Чунин баҳои баланди Пешвои муаззами миллат раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳаққиқони Донишгоҳро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаи касбии худробарои пешбурди фаъолияти муназзами таълимӣ, илмиву инноватсионӣ, тарбиявию идеологӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишманд барои пешрафти Ватани азизамон равона намоянд.

Муҳимтарин дастоварди таърихӣ барои Донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дастоварди муҳимми дигар дар соли 2024 ин гузаштани Донишгоҳи миллӣ аз Аккредитатсияи давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ аз Аккредитатсияи давлатӣ гузашт, соҳиби Шаҳодатнома ва мақоми давлатии Муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ гардид.

Дар идомаи нишаст ректори Донишгоҳ дар робита ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, тадбирҳои муассир баҳри ҷалби ҷавонон ба омӯзишу пажӯҳиш, тадбирҳо баҳри баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиии ҷавонон, рушди равобити байналмилалӣ ва ғайра суханронӣ намуд.

Дар зимн рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилот дар Донишгоҳ, иҷрои нақшаи қабул, таъсиси Маркази омӯзишии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳ, ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ, таъсиси ихтисосҳои нав, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” саволҳо дода, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Дар охир ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад.