ТАВАҶҶУҲ БА РАВИЯҲОИ ОМӮЗГОРӢ

224

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (01.03.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии муовини Сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров ва сардори шуъбаи таъминоти кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумахон Самиев бо хатмкунандагони донишгоҳ, ки дар равияи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Муҳтарам Фарҳод Худоёров зимни суханронии хеш доир ба таъмини кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, бохабар будани мутахассисони ҷавон аз техника ва технологияи нав суханронӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъулин оид ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, методикаи дурусти таълим, дуруст тарбия намудани насли наврас, ҷалби мутахасисони лаёқатманди равияи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз суханронӣ намуданд.

Зиминан таъкид шуд, ки фаъолияти факултетҳои равияи омӯзгоридошта пайваста назорат гардида, раванди таҷрибаомӯзӣ ва ба ҷойи кор ҷалб намудани хатмкунандагон зери таваҷҷуҳ роҳбарият қарор доранд.