ТАВАҶҶУҲИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН БА ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ

337

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот имрӯз (01.12.2022) бо ибтикор шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ семинари илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. аҳамияти баргузории чунин як чорабинии сатҳи баландро барои тақвият бахшидани омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки барои олимону муҳақиқони ҷавон бахусус барои дӯстдорони илмҳои бунёдӣ иқдоми роҳандозинамудаи Пешвои миллат саривақтӣ буда, ин, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонону табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ, ба монанди кимиё, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахасисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад.

Сипас декани факултети химия н.и.х., дотсент Файзуллозода Эркин доир ба мавзӯи “Аҳамият ва дурнамои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040)”, ассистенти кафедраи химияи органикии факултети химия Сорбон Зафаров оид ба мавзӯи “Синтез, хосиятҳои фуллерон C60 бо лигандҳои органикӣ ва омӯзиши фаъолияти биологии онҳо”, ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика Шафоат Бобоев дар мавзӯи “Ташаккули синхрона ва синдинама дар думаи чангини кометаҳо” марӯза намуданд.

Зикр карда шуд, ки эълон гардидани Бистсолаи мазкур иқдоми беназир буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати илми муосир заминаи мусоид фароҳам меоварад.