ТЕРРОРИЗМ ВА ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

364

Дар раванди ҳамгироӣ ва сиёсати ҷаҳонии имрӯза терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарзо буда, барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва дар рушди устувории давлат таҳдиди бевосита менамояд. Дар ҷаҳони муосир терроризму экстремизм хатари глобалии рақами як шинохта шудааст. Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо ин зуҳуроти номатлубро ба дин алоқаманд медонанд. Вале дар хотир дошт, ки ин падидаи номатлуб ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом алоқамандие надорад.  

Гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ баромад мекунанд. Онҳо барои тайёр кардани террористу экстремист аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, нафрат, бадбинӣ ва аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили шахсони касбу кори гуногун, хусусан ҷавонон ҷой мекунанд. Идеалогияи мардумро чунон дигар мекунанд, ки онҳо аз баҳри падару модар, зану фарзанд ва аз ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд.

Таҳлили расонаҳои дохилию хориҷӣ нишон медиҳанд, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрат
мебошад. Вале дар навбати дуюм ҳамон кишварҳо худро ҳамчун мубориз барои аз байн бурдани терроризму экстримизм нишон
медиҳанд. Мутаассифона, тайи чандин соли охир терроризму экстремизм дар ҷомеаи башарӣ рушд намуда, кишварҳоеро ба монанди Ироқу Сурия ба гирдоби ҳалокатбори худ дохил намуд, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни “Давлати ба ном Исломӣ”- ро сахт маҳкум намудаанд. 

Боиси зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ шудааст. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавӣ дошта, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Вазъи мураккаби бамиёномадаи муосир, таҳдиду хатарҳои  нави терроризм ва экстремизм моро водор месозад, ки дар пешгирӣ ва решакан кардани ин хатари аср якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқии мамлакат мубориза барем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар интиҳо мехоҳам ба ҳамсолон гӯям, ки мо ҳама бояд пайравӣ бо Пешвои муаззами миллат намуда, баҳри сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҳама аз як гиребон сар бароварда, бо ин зуҳуроти зиште, ки амнияти моро халалдор месозад, мубориза барем. Шукронаи ободию озодииин ватани маҳбуб карда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани он камари ҳиммат бандем.


Малики Собирӣ