Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар тули қарнҳо бо иродаи қавӣ, бо ғурури миллӣ ва бо иззати инсонгароёнаии худ дар саҳифаҳои ҳикматҳои ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин қайд шудааст.
Расидан ба марҳилаи истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағир дода, роҳ ба сӯйи уфуқҳои тозаи рушдро кушод. Зимнан, тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ба исми Истиқлоли давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо ҷоннисорӣ карданд. Муҳимтар аз ҳама, Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи инкишофу таҳаввул ҳидоят менамояд.
Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба ҳадафҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз рӯзҳои аввали таъмин гардидани фазои орому осуда, назди худ татбиқи ҳадафҳои стратегиро пеш гузошт.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Неругоҳи барқи обии «Норак» аз таъмири пурра бароварда шуда, неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург сохта шуданд. Соли 2018 орзуи деринаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид, яъне пас аз азму талошҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ чархаи аввал ва баъдан чархаи дуюми НБО «Роғун» ба кор даромад. Ин неругоҳ дар сурати пурра мавриди истифода қарор гирифтанаш нафақат эҳтиёҷоти кишвари моро бо неруи барқ таъмин менамояд, балки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешрафтаи соҳаи гидроэнергетикӣ табдил медиҳад.
Дар доираи ҳадафи дуюми стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, Шоҳон – Зиғар, Душанбе – Чанак, Душанбе– Ваҳдат – Данғара, Душанбе – Рашт, Душанбе – Турсунзода, роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, нақбҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Озодӣ, «Шаҳристон» ва пулҳои азим аз болои дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар баробари рафтуомади доимӣ дар қаламрави мамлакат, кишвари моро ба давлатӣ транзитӣ табдил доданд.
Ҳадафи сеюми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – барномаи таъмини озуқаворӣ низ имрӯз ҷомаи амал пӯшидааст. Бо ҳидояту талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як ваҷаб замини корам мавриди кишт қарор дода шуда, дар тамоми заминҳои талу теппаҳо боғҳои гуногун бунёд гаштаанд. Ҳоло, агар ба кадом минтақаи кишвар сафар накунем, бо дидани майдонҳои кишт ва боғот касро рӯҳу ҳаловати тоза фаро мегирад.
Вобаста ба ҳадафи чорум -саноатикунонии босуръати мамлакат низ барномаҳои зиёд амалӣ рохандозӣ шуданд. Як қатор лоиҳаҳо ва барномахои ҷадид барои амали кардани ин ҳадаф рӯйи кор омаданд, ки ин ҳама аз файзи истиклоли сиёсиву иқтисодӣ мебошад. Соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар як давлат нақши калидӣ мебозад
Ҷавонон неруи созандаи давлати соҳибистиқлолӣ моянд ва онҳо бояд ҳамчун мутахассисони баландихтисоси ин соҳа ба камол расанд ва моҳияти ҳадафҳои стратегиро амиқ дарк намоянд ва дар ин ҷода қадамҳои устувор гузоранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳукуқбунёд ва ягона мутобиқи меъерҳои Конститутсия амал намуда, ҳукуқи байналмилалии худро шинохт, мувофики он амал намуд ва бо соири давлатхои дунё, аз ҷумла Аврупо, Осиё, Шарқи наздик ҳамкории судмандро ба роҳ монд. Дар ин асос сиёсати хориҷии худро тақвият бахшид.
Умед дорем, ки дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати яке аз давлатҳои тозаистиқлол ва босуръат рушткарда шинохт.
Мирзоева М.М – дотсенти кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи руси ДМТ








