ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

939

Имрӯз (07.12.2021) таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҳуқуқи инсон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати рӯзи ҳуқуқи инсон табрик намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши боризи худро мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он баланд арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосиро фароҳам сохтааст.

Сипас декани факултети ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Д.С. баромад намуда, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ҶТ дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.

Дар кори конференсия олимони маъруфи ватанӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи конференсия зиёда аз 19 маърӯза дар мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, доир ба дурнамои рушди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсон, инкишофи технологияҳои муосир ва баъзе аз масъалаҳои амалишавии ҳуқуқҳои корпоративӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар раванди тафтиши ҷиноят, ҳуқуқи инсон дар ҳошияи амалисозии ҳадафҳои рушди устувори СММ, мулоҳизоте чанд доир ба эътирофнамоӣ ва амалисозии ҳуқуқи инсон, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии зӯроварӣ дар оила, ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсияи ҷумҳуриявӣ изҳори умед карда шуд, ки конференсия дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши арзандаи худро ҳоҳад гузошт.