ҲУҚУҚШИНОСОНИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

359

(Таъсиси гурӯҳи забони англисӣ дар ихтисоси ҳуқуқшиносӣ баҳри таҳқими муносибатҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён)

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ҷиҳати таъсиси додани гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон, дар партави амали гаштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва тибқи протаколи ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (аз 28.08.2022, №16/10-172) «Оид ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ (махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ) чораҳои зарурӣ андешида, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия намуда, дар самтҳои мухталиф тадбирҳои муҳиммеро рӯйи кор гирифтааст.

Дар асоси бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо бо фармоиши ректори донишгоҳ аз оғози соли таҳсил гурӯҳи нав аз ҳисоби донишҷӯёни курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил менамуданд, гурӯҳи академии таълимашон пурра бо забони англисӣ таъсис дода шуд.

Имрӯзҳо гурӯҳи мазкур фанҳои таълимиро пурра бо забони англисӣ меомӯзанд.

Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ибтикори садорати факултет барои гурӯҳи мазкур тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дарсҳо дар шакли назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки таъсиси гурӯҳи забони англисӣ дар ихтисоси ҳуқуқшиносӣ иқдоми нав буда, умед аст, ки баҳри таҳқими муносибатҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии донишҷӯён мусоидат менамояд.