Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро тахти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкидоти патентии Авруосиёгӣ эъдон менамояд.
Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисахои таълимӣ ва дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синусолӣ) даъват карда мешаванд.
Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешаванд) дар мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:
- «Мо насли Тесла Н. ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост»;
- «Мо насли Менделеев Д. ҳастем. Каме афсунгари менамоем? Бале! Ва давомнокии умрро зиёд хоҳем кард!»;
- «Мо насли Авиценна ҳастем. Ҷилди шашуми китоби “Қонуни тиб”-ро эҷод намуда истодаем!»;
- «Мо насли А. Гауди хастем. Чӣ гуна аст он, шаҳри фардо?»;
- «Ҳамеша дар тамос – якҷоя таҳсил мекунем, якҷоя истироҳат менамоем. Низоми таълими фосилавӣ ва истироҳати интерактивӣ»;
- «Масофаи иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – роҳҳои нави таъмини алоқаи бехатар дар ҷаҳони муосир»;
- «Муҳофизат аз вирусҳо – душман намегузарад! Низомҳои муҳофизати шахсӣ барои табибон ва беморон аз сироят»;
- «Тезтар, баландтар, кавитар ва … наздиктар! Дастгоҳҳо ва системаҳои инноватсионӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бадан дар шароити пандемия».
Кори эчодӣ ё лоиҳаи эҷодиро ҳам иштирокчии алоҳидаи Универсиада ҳамчунин гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ё бо роҳбари илмӣ иҷро карда метавонанд.
Кори эчодӣ метавонад ба забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Талаботҳо нисбати тартиби кори эчодӣ ва маводҳои ба он замимашуда дар сомонаи www.eapo.org ҷойгир карда шудаанд.
Муҳлати фиристодани корҳои эҷодӣ ба ИПАО аз 15 октябри соли 2020 то 28 феврали соли 2021 бо суроғаи: Россия, 109012, Москва, М.Черкасский пер., 2 мебошад. Якҷоя бо корхои эҷодӣ (лоиҳаи эчодӣ) ариза барои иштирок дар Универсиада ба Идораи патентии Авруосиёгӣ фиристода мешаванд.
Хамоҳангсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани корҳои эҷодӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (сурога: шаҳри Душанбе, кучаи Айнӣ 14а) мебошад.
Натичаҳои Универсиада то 31 марти соли 2021 интишор карда мешаванд.
Ҷоизадорони Универсиада бо медали Идораи патентии Авруосиёгӣ “Нигоҳ ба оянда”, тухфаҳои арзанда ва дипломҳо сарфароз карда мешаванд.
Маълумот барои ҳамоҳангсозӣ:
Тел: 2222153; 921112040; 935129274
Почтаи электронӣ: izobretenie@ncpi.tj