Устод Айни ва асолати забони тоҷикӣ

2056

Бо чунин ном бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола 15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм, профессор М.С. Сафармамдов доир оғоз ёфт. Сипас профессор А.Маҳмадаминов доир ба тафсири калимаи “тоҷик” ва услуби нигориши он дар осори устод Айнӣ маърӯза намуда, нақши устод Айниро дар ҳифзи фарҳангу таърихи ин миллати куҳанбунёд назаррас арзёбӣ намуд. Дар ҳамоиш қайд гардид ки, устод Айнӣ бо далелҳои таърихӣ ва илмӣ исбот мекунад, ки сокинони Осиёи Миёна ватандорони аслии ин минтақа мебошанд. Ҳамзамон, профессор Б.Камолиддинов доир ба ғалатҳои китобии “Очерки таърихӣ”, ки аз ҷониби нашриёти “Адабиёти бачагона” ба табъ расидааст, суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, чунин ҳамоиш дар факултети филологияи тоҷик таҳти унвони «Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ» доир гардид, ки дар он декани факултет, д.и.ф С.Эмомалӣ оид ба «Аҳамияти таҳқиқи осори С.Айнӣ дар замони ҳозира», узви вобастаи АИ ҶТ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ К.Аламхон дар робита ба мавзӯи «Дар роҳи иҷрои васияти устод Айнӣ», профессор А.Маҳмадаминов доир ба «Чанд мулоҳиза оид ба «Маънои калимаи тоҷик»-и С.Айнӣ» ва муаллими калони кафедраи мазкур Ҳафиз Раҳмон оид ба «Айнӣ ва Сервантес» маърӯза намуданд.