УСТУВОРИИ МУҲИТИ ЗИСТ, ИҚЛИМ ВА ОБ

259

Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ намудани ҳамгироии равиши робитаи об- энергетика ва озуқавориро дар барномаҳои таълимии  муассисаҳои олӣ- таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Санаи 3 марти соли 2022 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Муколамаи Nexus дар Осиёи Марказӣ тренинг оид ба татбиқи равиши Nexus вобаста ба об, энергетика ва озуқаворӣ дар формати симулятсияи интерактивӣ барои омӯзгорони донишгоҳҳои муқими Тоҷикистон дар самти омада намудани мутахассисони соҳаи об, энергетика ва озуқаворӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гардид.

Ин ҳамчун як қадами аввал дар ин самт, 5 нафар устодони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимие, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи худро омода мекунанд, тавонистанд равиши Nexus-ро дар формати симулятсияи интерактивӣ омӯзанд. Ин як раванди осоншудаи иҷрои панҷ сенарияи гуногуни идоракунии об, энергия ва озуқа дар байни кишварҳои болооб ва поёноби дарёҳои бузург аст. Ба омӯзгорон бо омӯзиши маводи зарурии таълимӣ ва мустақилона гузаштани тамоми ҷараёнҳои мазкур муяссар гардид, малакаи хубро  барои роҳандозии чунин семинариҳо ва машғулиятҳои амалӣ дар байни дониҷӯёнро соҳиб гарданд.

Формати интерактивии имерсионалӣ барои азхуд кардани чунин равиши бисёрҷониба мисли Nexus аз ҷиҳати заминаи хуби назариявӣ, рушди малакаҳои гуфтушунид, тафаккури байнисоҳавӣ ва банақшагирии стратегӣ бениҳоят самаранок мебошад. Дар рафти тренинг намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилям Линдберг нисбат ба стратегияи Иттиҳоди Аврупо баҳри устувории муҳити зист, иқлим ва оби минтақаи Осиёи Марказӣ  сухан намуда равиши Nexus-ро ҳамчун гузариши бунёдӣ аз равиши сирф соҳавӣ ба ҳалли ҳамгирошудаи байнисоҳавӣ пешбарӣ мекунад. Кори Иттиҳоди Аврупо оид ба Nexus дар кишварҳои шарик дар доираи барномаи «Аҳдномаи сабзи Аврупо» гузаронида мешавад. Аҳдномаи сабз стратегияи нави рушди Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ба табдил додани чолишҳои экологӣ ба имкониятҳои нав ва эҷоди иқтисоди муосири рақобатпазир бидуни партовҳои мустақими газҳои гулхонавӣ дар соли 2050 нигаронида шудааст.

Лоиҳа аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) дар давраи солҳои 2020-2023 амалӣ карда мешавад.

Дар анҷоми тренинг аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинии мазкур ба иштирокчиниён сертификат ва ба  намояндагони донишгоҳҳои муқими Тоҷикистон мавод барои гузаронидани дарсҳои интерактивӣ байни донишҷӯён супорида шуд.

Норматов И.Ш.,

мудири кафедраи метеорология

ва климатология, профессор,

Муминов А.О.,

муаллими калони

кафедраи метеорология

ва климатология