Дар доираи нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи январ то ҳафтаи дуюми моҳи феврали соли 2023 курси таълимӣ таҳти унвони “Усулҳои фаъоли таълим” барои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.
Имрӯз (07.02.2023) курси мазкур ҷамъбаст шуд ва дар синфхонаи донишкада маросими супоридани дипломҳо доир гардид. Дар маросим беш аз 20 нафар омӯзгор соҳиби дипломи такмили ихтисос шуданд.
Зимнан гуфта шуд, ки дар курси мазкур омӯзгорони беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ҷалб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти баргузории курсу семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ, лексияҳо, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, ҳамоишҳои илмию методӣ ва ғайра тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст, ки пайваста дар сатҳи баланд иҷро мешаванд.