ВАҲДАТ ТАКОМУЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

505

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

 Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 25-умин солгарди Ваҳдати миллиро таҷлил менамоем.

Фаромӯш набояд кард, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозад. Барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи чунин санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Бисту панҷ сол қабл, бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъд аз музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ва он рӯз дар тақвими ҷашнвораҳои миллӣ иди муҳимми мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ- истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад».

Воқеан, Ваҳдати миллӣ бузургтарин падидае ҳаст, ки мардуми ҳама кишварҳои олам барои ноил шудан ба он мубориза мебаранд. Дар дунё давлате нест, ки бидуни иттиҳоду ҳамбастагӣ ва сарҷамъии мардумонаш пешрафт карда бошад. Тоҷикистон 25 сол қабл аз ин бо тасвиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба шоҳроҳи Ваҳдати миллӣ ворид шуд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гироми!

Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон имконпазир шуда, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо дида мешаванд. Маҳз суботу осоиши кишвар аст, ки сармоягузориҳои хориҷӣ ба ватан пайваста афзун шуда, доираи робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон фарохтар мегардад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ ба масъалаи таҳким бахшидани ваҳдат ҳамчун арзиши ҷовидонии миллати тоҷик, муттаҳид шудан дар атрофи Ҳукумати Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. «Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад». Ин ишораи Пешвои миллат моро вазифадор мекунад, ки ба сифати таълиму тарбияи мутахассисон бо назардошти таблиғу ташвиқи арзишҳои Ваҳдати миллӣ аз рӯи масъулияти ватандорӣ муносибат дошта бошему сазовори боварии Пешвои миллат гардем.

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ҳамаи устодону кормандон, донишҷӯёни азизи донишгоҳ ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фаро расидани 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, фаъолияти пурмаҳсулро ба нафъи ободии диёри азиз орзу мекунам.

 Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак!