ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҲАМЧУН ОМИЛИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

378

Бо чунин унвон дирӯз бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Анфитеатри Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт.

Ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуда, изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафили инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Таъкид шуд, ки Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Сипас аъзои Шурои калонсолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Салимзода Олимҷон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки воқеан барои мавҷудияти як миллат дар харитаи сиёсии ҷаҳон, пеш аз ҳама, доштани таърих, фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои миллӣ зарур мебошад. Бинобар ин, аз қадамҳои нахустини оғози давлатдории навини миллӣ эҳсоси эҳтиром ба таърих, арҷ гузоштан ба гузаштаи худ, дубора зинда кардани номи неки ниёгон, пос доштани фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, дӯст доштани роҳбари давлат дар сиришти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷой гирифт.

Мавсуф дар идомаи суханронӣ оид ба таърихи ваҳдат ва марҳилаҳои ташаккули давлатдории тоҷикион ибрози андеша намуд. Баъдан иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – такягоҳи устувории ҷомеа” маърӯза намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки мо-тоҷикон, хусусан насли ҷавони имрӯз бояд шукргузорӣ ин сулҳу салоҳ буда, баҳри рушду инкишофи имрӯзу ояндаи кишварамон саҳмгузор бошем, зеро ин масъулияти ҳар як фарзанди тоҷик дар назди насли ояндаи хеш мебошад. Дар ёд дошта бошем, ки пойдории давлат ва истиқлолият аз Ваҳдат аст.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ бо ҷолибтарин сурудҳо пешкаши ҳозирин гардид.