ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЙДЕВОРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

6

Имрӯз (22.06.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ дар пояи факултети иқтисод ва идора бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – пойдевори рушди устувори иқтисодӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва магистрантони факултет иштирок намуданд.

Ҳамоишро декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдураҳмонов Ф.А., ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу субот ва ваҳдат дар кишвар таҳким ёфта, барои татбиқи ислоҳоти муҳимми иқтисодӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст.

Дар идомаи ҳамоиш Ҳумоюн Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маҳмадхуҷа Каримов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Дар маърӯзаҳо аҳаммияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини амнияти иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои муосир мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар қисмати музокира иштирокчиён оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии устодон дар раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалияи иқтисодӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.