ВАҲДАТИ САРТОСАРӢ ЗАМИНАИ ОБОДКОРИҲОСТ!

36

Ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои муттаҳидшавии миллат хидмати бузургеро ба сомон расонидааст, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи тозаеро боз намуд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таърихи 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, оғози ҳамдигарфаҳмиву баҳамоӣ аст ва он ҷиҳати фароҳам овардани имконоти мусоид дар рушди муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии ороми мардум замина гузошт. Соли 1997, ки аз он оғози марҳилаи нави рушд ёд мешвад, он замон масъалаи барқарор кардани сохти конститутсионӣ, қонунияту тартибот ва амният, аз нав ба роҳ мондани фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ саъю талош ва вақту хароҷоти зиёдро талаб менамуд. Миллати тоҷик бо талошу заҳматҳои сарвари хирадманди хеш, Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сади роҳи фалаҷшавии соҳаҳои давлатро бигирад. Ҳамин тавр аз солҳои 2000-ум ба ин сӯ марҳалаи рушд оғоз гардид. Дар ин давра барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ ҳама захираву имкониятҳои мавҷуда равона гардиданд. Барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ваҳдати миллӣ аҳамияту афзалияти баланд дошта, ба туфайли суботу оромӣ он таъминкунандаи зиндагии шоистаи ҳар фарди ҷомеа мебошад. Гузашта аз ин ваҳдати миллӣ дар татбиқи босамари 4 ҳадафи стратегии давлат: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуд. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти соҳаи энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар сохтмони даҳҳо НБО-и хурду миёна, аз ҷумла НБО-и Сангтуда-1, Сангтуда-2, таҷдиди НБО Сарбанд, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар амал татбиқ гардидаанд, ки онҳо таъминоти аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо барқ хеле беҳтар гардонидаанд. Дар ин давра Сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардид, ки дар рушду инкишофи иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мардум аҳамияти хеле бузург дорад.

Дар соли 2018 агрегати якуми НБО-и Роғун ва соли 2019 агрегати дуюми он ба кор дароварда шуд. Инчунин, хатти минтақавии интиқоли барқи CАSА-1000, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст мекунад, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат намуд. Ваҳдати миллӣ муҳимтарини омили расидан ба ҳадафи дигари стратегии мамлакат – баромадан аз сарбастагии коммуникатсионӣ мебошад. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ омили муҳими пешрафти кишвар дониста мешавад. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он метавонад ҷумҳуриро аз сарбастагии коммуникатсионӣ берун оварда, барои ба минтақаи транзитӣ табдил ёфтани кишвар мусоидат намояд. Дар натиҷаи сулҳу субот, амнияти кулл ва арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ имкон даст медиҳад, ки ҳадафи дигари стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ татбиқ гардад. Ин ҳам аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлату ҳукумат маҳсуб мешавад ва он ба беҳтар гардидани вазъи зиндагии сокинон равона гардидааст. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд.

Тули 25 соли арзи ҳастӣ намудани ваҳдати миллӣ, кишвари мо ҷиҳати расидан ба марҳилаҳои нави рушд комёб гардид. Аз ҷумла он ба тадриҷан амалӣ гардани 4-умин ҳадафи стретегии давлат – саноаткунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёти миллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолоту содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулот заминаи амиқ мегузорад.

Дар ин давраи таърихӣ дар факултети фарматсевтии Днишгоҳи миллии Тоҷикистон низ як қатор пешравиҳо ва мувафақиятҳо ба вуҷуд омад. Аз ҷумла дар баробари эълон гаштани Солҳои рушди саноат дар факултет бо дастгширии давлату Ҳукумат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю ташабуси раёсати ДМТ ду ихтисоси ба саноат алоқаманд: «Технологияи маводи ороишӣ ва атторӣ ва дорусозии саноатӣ» ташкил карда шуд, ки донишҷӯёни ин ихтисосҳо баъд аз хатми факултет, пеш аз ҳама, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар соҳаи дорусозӣ масъул мегарданд. Донишҷӯёне, ки ихтисоси технологияи саноатиро хатм менамоянд, дар корхона ва каргоҳҳои дорусозӣ фаъолият мекунанд. Хушбахтона, бо касби истиқлол ва ваҳдати сартосарӣ самтҳои мухталифи соҳаи фарматсевтӣ рушд дораннд.

Фаридуни Кишвар, декани факултети фарматсевтии ДМТ