ВОҚЕАН ОЗМУНИ БЕНАЗИР ВА МОНДАГОР

298

(Бардошт аз мақолаи профессор Хушвахтзода Қ. Х. ««Тоҷикон» – таҳкимбахши ҳувияти миллӣ», «Адабиёт ва санъат» аз 11. 08. 2022)

Масъалаи рушди илму маорифи кишвар яке аз масоили меҳварии сиёсати ҷории давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Бо мақсади таъмини ояндаи мондагори давлату миллати тоҷик рушди босуботи моарифи кишвар ва ривоҷи илму маърифат зарур ва ҳатмӣ шуморида мешавад. Пайи амалисозии ин иқдоми манфиатбахш ва ояндасоз Ҳукумати кишвар ҳамасола як қатор чорабиниҳоро амалӣ месозад. Баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявие, ки маҳз бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешаванд, дар рушди маънавӣ ва донишомӯзии ҷомеа аҳаммияти бузург доранд. Роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи чунин иқдомҳои илмпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Тақдими асари «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи кишвар ва баргузор намудани озмуни мазкур нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллат ва чеҳраҳои мондагор – идомаи талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти боло бурдани ҳисси худшиносии миллии ҷомеа мебошад.

Муҳтавои мақолаи профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ««Тоҷикон» – тахкимбахши ҳувияти миллӣ» («Адабиёт ва санъат», аз 11. 08. 2022) ҳамин масъаларо дар бар гирифтааст. Муаллифи мақола ташаббусҳои маорифпарваронаи Ҳукумат ва Пешвои миллатро доир ба баргузор намудани озмунҳои мазкур ҷонибдорӣ намуда, онро «падидаи ниҳоят арзишманд, беназир ва мондагор» арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин ибрози ақида менамояд: «Мо ба таърих рӯ меорем, то ба саҳифаи гуногунранги он ба чашми ибрат нигарем, дар асоси таҷрибаи ниёгон имрӯзамонро бунёд созем ва бо умедҳои тозаву гомҳои устувор ба оянда ворид шавем». Бемуҳобот, тамоми ҷомеаи кишварамон шоҳиданд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки тайи чанд сол аст дар кишвар баргузор мегардад, чи қадар чеҳраҳои илмдӯсту бофарҳанг, китобхону шоиртабъро аз тамоми қишрҳои ҷомеа муаррифӣ намуд. Озмуни мазкур исбот кард, ки миллати тоҷик ҳанӯз бо «аниси кунҷи танҳоӣ» – китоб ҳамнафас аст, китоб мехонаду осори гузаштагони худро ҳифзу гиромӣ медорад. Ҳамчунин, ақидаи профессор Хушвахтзода Қ. Х. дар мавриди он ки дониши амиқ, огоҳии пурра аз гузашта, худшиносии миллӣ, ҳушёриву зиракӣ ҷавононро аз саргумӣ ва печидан ба ҷараёнҳои радикалӣ амон нигоҳ медорад, ҷолиб ва қобили дастгирист. Ӯ ҳамчун муҳаққиқ менависад, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» тадбири мубрам ва саривақтиест, ки сохтори шуури рӯзмарраи созмоншударо ба вуҷуд меорад ва ташаккул медиҳад. Яъне, донишҳои таърихии мо ба шуури муқаррарии мо роҳ меёбанд ва доираи тафаккуру андешаи моро месозанд ва дар ҳамин ҳошия мо амал мекунем».

Мусаллам аст, ки талош барои иштирок дар озмун, бо мукофотҳо шарафёб, сазовори қадрдонӣ ва эҳтиром гардидан – аввали кор аст, сипас мутолиаи китоб ба одат ва шуғли дӯстдоштаву доимӣ табдил хоҳад гашт, ки ин воситаи самаранокест барои ҷалби шахсият ба мутолиа ва омӯхтани илм. Муаллифи мақола қотеона ва бо ифтихор китоби «Тоҷикон»-ро «сарчашмаи худшиносии миллӣ» меномад. Аз ҷумла менависад, ки «Озмуни ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» василаи таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандорист. Вақте ифтихори миллӣ дар заминаи донишҳои амиқи илмӣ ташаккул меёбад ва мафкура дар доираи ормонҳои миллӣ шакл мегирад, пас, ваҳдати комил истиқлоли давлатӣ ва давлатдории миллӣ низ устувору пойбарҷост». Профессор Хушвахзода Қ. Х. ба ҳайси роҳбари ҷавону кордони яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар –ДМТ ва омӯзгори фарзона ҷавононро ба омӯхтани илм, таъриху фарҳанги миллат, ватандӯстӣ ва ояндасозӣ раҳнамун сохта, як нуктаи боарзишро «… вақте ки озмун баргузор мегардад ва дар ниҳояти мақсад мебинем, ки як ҷавони тоҷик ё як узви ҷомеаи Тоҷикистон дигар дар ҷангҳои иттилоотӣ на ба иттилооти беарзиш ё камарзиш, балки бо бурҳони қотеъ, бо баҳрамандӣ аз китоби «Тоҷикон» баромад мекунад ва устуворона манфиатҳои давлату миллат ва дастовардҳои замони истиқлолиятро бо нигоҳ андохтан ба саргузаштҳои таърихии ниёгон дифоъ менамояд, ғайриихтиёр ба иродаи матин ва нигоҳи бикру дурандешонаи Пешвои миллат эҳтироми бузург қоил мешавем» изҳор мекунад ва ҳамчун пайрави содиқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро самимона пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳайдарова С. А., омӯзгори ДМТ