ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲ

56

Санаи 27.10.2021 тибқи Нақша-чорабиниҳои раёсати ДМТ вохӯрии муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Назирҷонзода Р., мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Самиев З. ва дигар намояндагони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни хобгоҳҳои №1 ва 7-и донишгоҳ доир гардид.

Мақасд аз чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, масъалаҳои муҳимми тарбияи донишҷӯён, аз ҷумла, интихоби раиси шӯрои донишҷӯён, назорати доимии омаду рафти донишҷӯён, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, саҳми донишҷӯён дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ аз ҷониби донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар роҳандозии корҳои ободонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ дар ҳуҷраҳо ва тозагии гирду атрофи хобгоҳ мебошад. Зимни суханронӣ мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., таъкид намуд, ки “тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, пешгири намудани онҳо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияти давлату кишвар хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа аст».

Ҳамзамон, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ.М., зимни суханронии хеш бо донишҷӯён иброз намуд, ки ҳадаф аз чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни хобгоҳ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани сатҳи тарбияи донишҷӯён, дар руҳияи хештаншиносӣ тарбият намудани онҳо, иштироки фаъоли донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён, мусоидат ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ва худдорӣ намудан аз ташкили ҳама гуна чорабиниҳо оммавӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар хобгоҳҳои донишгоҳ мунтазам аз ҷониби масъулони бахши хобгоҳҳои донишгоҳ, шуъбаи тарбия ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳҳо навбатдор таъйин шудаанд, гузаронида мешавад.