ВОХӮРӢ БО КОРШИНОСИ НИДЕРЛАНДӢ ДАР САМТИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

14

Имрӯз (30.09.2025) коршиноси Нидерландия дар самти ҳифзи муҳити зисти устувор, доктор Музаффар Саид ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёс мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии сайёра, нигаҳ доштани экосистема, шаҳрсозӣ бо ба инобат гирифтани ҳадафҳои рушди устувор ва дигар мавзуъҳои муҳимми экологӣ табодули афкор намуданд.

Зимни суханронии хеш муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ иброз дошт ки Тоҷикистону Нидерландия вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист муштаракоти зиёд дорад. Ҳамин буд, ки ду кишвар Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро дар шаҳри Ню-Йорк якҷоя баргузор намуданд. Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим махсус таъкид гардид.

Сипас, коршиноси нидерландӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ дидан намуд. Ҳамзамон, доктор Музаффар Саид барои донишҷӯёни риштаҳои гуногуни Донишгоҳ ва зумрае аз устодон роҷеъ ба тағйирёбии иқлим, мудирияти шаҳрсозӣ ва кабудизоркунии шаҳрҳо рӯнамоӣ (призинтатсия) пешкаш намуд.