ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ

156

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти роҳбари бахши ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи идораи баҳодиҳӣ ва матбуоти Донишгоҳи Кембриҷ Стефен Ричард Кинг бо намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳо буд.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои шуруи ҳамкории дуҷониба миёни ДМТ ва Донишгоҳи Кембриҷ, сафарбар намудани мутахассисони байналмилалии ҷониби Британияи Кабир ба муассиса ҷиҳати гузаронидани трейнингҳо барои мутахассисони тоҷик, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, ташкили курсҳои методологияи таълими забони англисӣ ва фанҳои дақиқ ва имконияти бастани шартнома бо Донишгоҳи Кембриҷ ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён тариқи квотаҳо матраҳ гардида, дар самтҳои мазкур ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

Ёдрас мешавем, ки мулоқоти мазкур бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. доир гардид.