22.10.2021. Ҳадаф аз ташрифи директори Институти таълими байналмилалии “АССИСТ” (aSSIST)-и Ҷумҳурии Корея, профессор Санг Ҷун Лӣ ва намояндагони Ассотсиатсияи муҳандисони касбии Корея Ҷебок Сим ва Суг Ён Юн ба Донишгоҳи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ буд.
Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни мулоқот бо меҳмонон дар робита ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ маълумоти мухтасар дода, ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва табодули устодону донишҷӯён, ҳамзамон, ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуд.
Ҷониби меҳмонон таъкид доштанд, ки дар заминаи донишгоҳ маркази омӯзиши забони кореягӣ ташкил кардан талаботи замон буда, роҳбарияти Институти таълими байналмилалии “АССИСТ” ва Ассотсиатсияи муҳандисони касбии Корея омодаанд, ки дар тайёр намудани маркази мазкур ташаббуси бештар нишон диҳанд. Гуфта шуд, ки дар заминаи марказ ҳамкориҳои илмию таълимӣ хуб ба роҳ монда мешавад.
Дар интиҳо ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо шартнома ба имзо расонида, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.