ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ ОЛМОН БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ

11

Имрӯз (26.09.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳ бо ёвари сафорати Олмон дар Тоҷикистон Штефан Волфрум ва роҳбари нави минтақавии Хадамоти табодули академии Олмон (DAAD), хонум Гизела Тсиммерманн баргузор гардид.

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Олмон густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон буда, дар самтҳои мазкур ҷонибҳо табодули афкор намуданд.

Хонум Тсимерманн зимни суҳбат зикр намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шарикони муҳимми DAAD дар минтақа ба шумор меравад ва изҳори омодагӣ кард, ки барои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни илм ва маориф, аз ҷумла дар самти дастгирии стипендияҳо, имкониятҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва таҳқиқот дар муассисаҳои олии Олмон мусоидат менамояд.

Роҳбарияти донишгоҳ низ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷонибдории худро аз таҳкими робитаҳои илмӣ ва академӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Олмон баён доштанд.

Ёдрас мешавем, ки мулоқоти мазкур бо роҳбарии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. доир гардид.