ВОХУРӢ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

202

Дар доираи Форуми байналмилалӣ “Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир” бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия вохӯрии устодони Донишгоҳ, профессори факултети физика Хоҷазода Т.А. ва декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. бо ректори Донишгоҳи давлатии Томск, профессор Галажинский Эдуард Владимирович баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамагуна самтҳои илм ва таълим омода аст, дар доираи шартномаи ҳамкорӣ фаъолияти худро бо Донишгоҳи давлатии Томск ба роҳ монда, аз пойгоҳҳои илмиву техникӣ ва нерӯи зеҳнии олимони ҳарду Донишгоҳ васеъ истифода баранд. Ҳавасмандии асосӣ дар самти табодули устодону магистранон ва донишҷӯён дар самти таълиму илм, мактабҳои тобистона, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, қабули хатмкунандагони зинаи бакалаврӣ дар зинаи магистрӣ, омодакунии кормандони илмӣ, таҳқиқи маводҳои маҳаллӣ ва ғайра карда шуд. Айни ҳол дар базаи Донишгоҳи давлатии Томск зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар зинаҳои таҳсилоти бакалаврият, магистратура ва аспирантураи таҳсил менамоянд, ки аз ин аз 11 нафар аспирантону магистранон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, ки фаъолияти илмиву таълимии хуб доранд.