
Аз ҳамоиш то муаррифии китоби тозанашри “Авсофи Пешво”
Имрӯз (04.10.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи “Забон-рукни муҳимми давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз ёфт. Қайд гардид, ки забон воситаи муҳимми мубодилаи афкор дар ҷоема дониста мешавад. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” қайд намудаанд, “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеа ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.”
Зимнан, ректори Донишгоҳ ба устодону кормандон мужда дод, ки нашри нави китоби “Авсофи Пешво” ба табъ расидааст. Ин китоб маҷмуаи шеърҳо ва мақолаҳои адибони шинохтаи кишварро дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.
Китоби мазкур зери назари Асадулло Раҳмон — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва бо мусоидати мароттибон Давлат Сафар ва Муҳаммад Ғанизода омода ва ба нашр расидааст. Китоби “Авсофи Пешво” туҳфаи арзандаест ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллатро аз дидгоҳи адибон ва равшанзамирони кишвар бозгӯ мекунад.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типололгия Саъдуллозода Умедҷон вобаста ба мавзуи “Забони тоҷикӣ – василаи пайванди Тоҷикистони ҷаҳон” баромад намуда, қайд кард, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Забони миллӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Инчунин, декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ вобаста ба мавзуи мазкур ибрози ақида намуданд.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби сарояндаи маҳбуби кишвар Саидқул Билол сурудҳо сароида шуд.

