Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз бузургтарин китобхонаҳои кишвар ба шумор рафта, он баробари таъсиси Донишгоҳ дар соли 1948 ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Фонди умумии китобхонаи илмӣ 997,873
Соли 2009 китобхонаи илмии ДМТ дар байни китобхонаҳои илмии як қатор кишварҳои ИДМ соҳиби шаҳодатномаи тиллоии Фонди гуманитарии байнидавалатии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ гардид.
Манобеи электронии китобҳо қариб ба 150 000 нусха расидаанд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ ва англисӣ мебошанд
Ҳамчунин дастрасӣ ба 30 миллион сарчашмаи арзишманд, китобу маҷаллаҳои илмии Шабакаи умуми ҷаҳонииVSL (Virtual Science Library), Libnet, E-Library, E-Lanbook, Springer, Ай Пи Эр, ки ДМТ бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Аз соли 2015 инҷониб китобхонаи илмӣ бо низоми китобхонаи электронии-Library (ЭБС «e-Library») созишномаи ҳамкорӣ дорад, ки мутобиқи он маводи конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва китобҳои тозанашри устодони донишгоҳ ба шакли электрони ҷойгир шуда истодаанд.