Халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати хос касб намуд. Барои миллат ин бахти баланд ва воқеаи хеле фараҳбахш буд. Аз нахустин рӯзҳои истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи кишвари хешро бо кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт. Ҳарчанд эъмори давлатӣ кори саҳл набуд, вале тафаккури аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт. Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлати тоҷикон бар дӯши ӯ буд. Ин шахсияти таърихӣ фарзанди содиқи Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавсуф аз қадамҳои нахустин ҷоннисориҳои хешро даҳҳо маротиба исбот сохта, бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба бунёди давлати тоза шарафёб гашт. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ ва бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратии кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонд. Тоҷикистонро шинохтани кишварҳои ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Дар замони истиқлолият халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир мушарраф гардидааст. Бунёди як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқию обӣ, биноҳои серошёна маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати озод ва мустақил аст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддун мебошанд.
Миллати озодпарасту озодихоҳи тоҷик бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии солҳои 90- уми қарни гузашта ҳамчун як кишвари озодандешу соҳибистиқлол аз нав эҳё ва ба эъмори давлати миллати худ шурӯъ намуд. Барои миллати тоҷик истиқлолият дар ҳазорсолаи таърих воқеан санаи басо тақдирсоз буд ва ҳаст.
Шукри ободии ин Ватан, шукронаи ин сарзамин, шукри ин Сарвару ин марди хирадманди саховатпеша мекунем, ки бо ташаббуси бевоситаи он кас ба сохтумони як қатор неругоҳҳои хурду бузург, аз қабили Сангтӯда 1, Сангтӯда 2, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қароқурум, нақби Анзоб, Шар-Шар ва ғ. шурӯъ карда шуда буд, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд. Дар самти фарҳанг бошад, чандин майдонҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумлаи Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, боғҳои беназир бо унвони бузургони илму адаб (А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, Куруши Кабир, С.Айнӣ) сохта ба истифода дода шуд. Имрӯз мо танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро обод гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат – ҷавонон.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, пеш аз ҳама, дар ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини хеш масъулияти бузург дорад ва моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Мо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем ва бояд дарк намоем, ки 30 соли Истиқлолият чун зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон намуд ва меваҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба бор оварад. Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад!
Абунаср Тӯраев,
номзади илмҳои филологӣ, устоди ДМТ