Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Миралиев Эмомалӣ Бобоевич
Нақши таҷрибаомӯзӣ дар баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малака ва омода намудани мутахассиси оянда назаррас буда, василаи муосири алоқаи илм бо истиеҳсолот маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин марҳилаи омӯзиш донишҷӯ хусусиятҳои мусбат, аз қабили мустақилият ҳангоми хулосабарорӣ, ба ҳам тавъам намудани илм бо амалия, рушди касбият ва этикаи касбӣ, дарки масъулият ва ҳавасмандиро аз худ намуда, дар оянда мутахассиси комил ба воя мерасад.
Бинобар чунин муҳиммияти хоси худ, соли 1953 сохтори қисми таълими ДМТ бахши таҷрибаомӯзӣ таъсис дода шуд. Соли 2006 бошад, шуъбаи мазкур ба сектори таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон табдили ном намуда, то соли 2008 фаъолияти худро давом дод. Аз 2008 то соли 2019 шуъбаи мазкур дар сохтори нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавонро гирифта, аз соли 2020 бошад, то ба ҳол «Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият» номгузорӣ гардидааст.
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият банақшагирӣ, тартиб ва ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, тақсимоти хатмкунандагони аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсилкунанда ба ҷойи кор, имтиёзҳо, масъулияти тарафҳо ва баргардондани маблағҳои сарфшударо аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи ихтисос дар асоси роҳхат ба ҷойҳои кориашон ҳозир намешаванд, ба танзим медарорад.
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият кору фаъолияти худро тибқи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Донишгоҳ, қарорҳои Шурои олимон, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шурои илмӣ-методӣ ва Низомномаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ба роҳ монда, дар амалӣ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ саҳмгузор аст.
Раёсати донишгоҳ ва шуъбаи мазкур барои ҷоннок намудани фаъолият ва натиҷаҳои самаранок ба даст овардан дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва рушди касбияти онҳо, бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву идораҳо созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.
Дар баробари ин, дар раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ – Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии ба номи Ҷ.Ҷ.Бузруков (деҳаи Зиддии н.Варзоб), Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (деҳаи Зиддии н.Варзоб), Фароғатгоҳи таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити ш.Ваҳдат) баргузор гардида, ҳамчунин, тӯли солҳои 2009-2023 дар донишгоҳ Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ этнологияи факултети таърих (н.Фархор), Маркази биотехнология, лабораторияи таълимӣ-истеҳсолии коркарди сангҳои ороишии назди Парки технологӣ, лабараторияи геоматикаи кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология, студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика ва маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шудаанд, ки барои беҳтар гардидани раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён кумак мерасонанд.
Донишҷӯён новобаста аз низом ва шакли таълим дар ДМТ аз рӯи 4 самт таҷрибаомӯзӣ мегузаранд: таълимӣ; омӯзгорӣ; истеҳсолӣ; пешаздипломӣ.
Самти дигари фаъолияти шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони шуъбаи рӯзонае, ки аз ҳисоби буҷети давлат гуруҳҳои буҷавии донишгоҳро хатм намудаанд, ташкил мекунад.
Дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавӣ 2-юми июли соли 2009, №391 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола, дар асоси қарори тасдиқгардида тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавиро аз рӯй ихтисос ба роҳ мондааст.
Дар самти таъмини раванди таҷрибаомӯзӣ ва ба ҷои кор сафарбар намудани ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатм кардаанд бо зиёда аз 170 ташкилоту муассиса ва корхонаву идораҳо шартномаҳои ҳамкорӣ баста, талошҳои пайвастаро барои баланд бардоштани касбияти хатмкунандагон пайваста анҷом медиҳад.
Дар соли хониши 2022-2023 бошад, Донишгоҳ бо зиёда аз 22 муассисаву ташкилотҳо шартномаҳои ҳамкорӣ баста, ин раванд идома меёбад.
МУҲТАРАМ ХАТМКУНАНДА!
Мо аз таваҷҷуҳатон ба аввалин пурсиши миллии фаъолияти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодем.
Дар ин пурсиш хатмкардагони тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ, аз рӯи тамоми ихтисосҳо иштирок менамояд ва мо умед дорем, ки таҷрибаи Шуморо дар бораи таҳсил дар донишгоҳ (донишкада) шунавем.
Мақсади ин пурсиш – ҷамъоварии иттилоот ва афкори хатмкардагон дар бораи таҷрибаи воридшавии онҳо ба бозори меҳнат, ҷустуҷӯи кор, дараҷаи қаноатмандӣ аз таҳсил баъд аз хатм мебошад.
Иттилооте, ки Шумо дар рафти ин пурсиш медиҳед, имкон медиҳад то Ҳукумат, Вазорати маориф ва илм ва донишгоҳу донишкадаҳо дар бораи алоқамандии мактаби олӣ бо бозори меҳнат маълумоти бештар дошта бошанд. Ин иттилоот барои беҳтар кардани низоми таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои бознигарии барномаҳои таълим ва беҳтарсозии/такмили алоқаи мактаби олӣ бо бозори меҳнат хизмат хоҳад кард.
Барои ҷудо кардани вақт ва мусоидат намудан ба баланд бардоштани сифати таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон сипосгузорем.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки саҳифаи интернетии:www.gts-center.tj/wp-includes/onlinepursish.php ворид шуда, пурсишномаро пур кунед.
Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
Телефон:888 4041, 888 4042, 888 4043, 888 4044
Почтаи электронӣ: gts.center@bk.ru
Бо эҳтиром,
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навор барои сомона:https://www.gts-center.tj/%D0%9C%D0%A4%D0%A5_TJ.mp4
Сомонаи ҳамкор: www.gts-center.tj
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият кору фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин ба роҳ мондааст:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»
3. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ»
4. «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
8. Қарорҳои Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
9. Фармоишҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
10. Қарорҳои Шурои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
11. Низомномаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон