ВАҲДАТ ҶАВҲАРИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

453

ТАБРИКОТИ

РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар таърих рӯйдоду санаҳои муҳимме ҳастанд, ки онҳо бо гузашти солҳо миёни мардум аҳамият ва мақому манзалати вижаро касб мекунанд. Агар ба таърихи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик назар афканем, шоҳиди чунин воқеаҳо мешавем, ки тоҷикон дар тӯли таърих аз сар гузаронидаанд ва ба дастоварди бузурги давлатӣ расидаанд. Халқи тамаддунофари тоҷик дар масири пурпечутоби таърих тавонист бо ақлу заковату дониши баланд ва шахсиятҳои шинохтааш обрую нуфуз ва ваҳдати худро нигоҳ дорад.

Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳамеша аз имтиҳони сангини таърих бо ҷаҳду талошҳои фарзандони меҳандӯсту худшиносаш сарбаландона гузаштааст. Бисту чор сол қабл, бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки он дар таърихи навини халқамон муҳимтарин санад ба ҳисоб меравад. Дар роҳи расидан ба ин мақсад саҳми шахсияти таърихсоз, бешакку шубҳа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст ва ин андеша аллакай дар китоби таърихи нави давлат ва мардуми Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Бояд зикр кард, ки иттифоқу якдилӣ дар ҳаёти инсоният нақши калидӣ бозида, ҳар миллат маҳз дар сулҳу осоиш ва ваҳдату иттиҳод метавонист ба ҳадафу мақсадҳои худ бирасад. Ҳамин аст, ки созишномаи сулҳи тоҷиконро дар таърихи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамчун як падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи ин сулҳро дар манотиқи мухталифи ҷангзадаи ҷаҳон мавриди истифода қарор медиҳанд.

Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ ба масъалаи таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро ваҳдат ҳамчун арзиши ҷовидонии миллати тоҷик, ормони ба воқеият табдилёфтаи мардум ва ҷавҳари асосии истиқлолият мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: “Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлол бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад”. Ин андеша моро вазифадор мекунад, ки ба сифати таълиму тарбияи мутахассисон бо назардошти таблиғу ташвиқи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аз рӯи масъулияти ватандорӣ муносибат дошта бошему сазовори боварии Пешвои муаззами миллат гардем.

Фаромӯш набояд кард, ки шаҳрванди хештаншинос ва худогоҳ Ваҳдати миллии Ватанро чун гавҳараки чашм ҳимоя мекунад ва аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ мегиранду баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони азиз талош мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо, устодону кормандон ва донишҷӯёни азизи донишгоҳ ва дар симои Шумо мардуми шарафманди кишварро бо фаро расидани 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, фаъолияти пурмаҳсулро ба нафъи ободии диёри азиз орзу мекунам.

Бигузор хуршеди тобони ваҳдат ҳазорсолаҳо дар осмони софу беғубори миллати тоҷик шуълапошӣ кунад!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!