АЗ ТАҶРИБАИ УСТОДОН ТО ОБОДИИ КИШВАР: ПАЙВАНДИ ХИРАД ВА БУНЁДКОРӢ

8

Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги воло, тамаддуни куҳан ва завқи баланди шаҳрсозиву меъморӣ шинохта шудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо дар ҳама давру замон шаҳрҳое бунёд намудаанд, ки бо зебоӣ, низом, тартиб ва маданияти шаҳрнишинӣ намунаи ибрат буданд. Ин суннати неки бунёдкорӣ имрӯз низ идома дошта, дар симои пойтахти азизи кишвар – шаҳри Душанбе таҷассум ёфтааст.

Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки идомаи чунин анъанаҳои арзишманд на танҳо аз меҳнату заҳмати имрӯз, балки аз хираду таҷрибаи гузаштагон низ сарчашма мегирад. Аз панди бузургон хондан ва аз таҷрибаи калонсолон омӯхтан имкон медиҳад, ки мо дар роҳи ободонӣ ва пешрафт иштибоҳ накунем ва арзишҳои асили миллиро ҳифз намоем. Зеро маҳз пайванди дониш, таҷриба ва эҳтиром ба мероси гузаштагон омили асосии рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад.

Бо мақсади таҳкими ҳамин арзишҳо имрӯз (23.04.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахт — шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе — оинаи имрӯзу фардои миллат» бо иштироки устодони соҳибмактабу соҳибтаҷриба ва устодони ҷавонону донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлол ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон, бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз то рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар чунин шароити созандагиву бунёдкорӣ нақши устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида хеле муҳим аст. Зеро маҳз омӯзиш аз таҷрибаи устодони соҳибкасб ва пайравӣ аз мактаби онҳо барои насли ҷавон имконият фароҳам меорад, то бо донишу малакаи муосир мусаллаҳ гардида, дар идомаи ин раванд саҳми арзанда гузоранд.

Зимнан дотсенти кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети бахисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Абдуҷаббор Ҷобиров доир ба мавзуи “Мутобиқгардонии рафтор ва уҳдадориҳои шаҳрвандон бо санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии шаҳрдории пойтахт”, дотсенти кафедраи усули таълими забон ва адабиёти факултети филология Сурайё Ҳайдарзода оид ба мавзуи “Риояи маданияти шаҳрвандӣ нишони хештаншиносист”, профессори кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети хуқуқшиносӣ Зоир Ҷурахон доир ба мавзуи “Сохтори таърихии Душанбе дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ”, профессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии факултети молиявию иқтисодӣ Раҳматулло Мирбобоев доир ба мавзуи “Душанбе ҳамчун маркази тамаркузи иқтидори иқтисодӣ ва драйвери рушди иқтисодиёти миллӣ”, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалӣ Эркинхон Раҳматуллозода доир ба мавзуи “Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва нақши бародаршаҳрҳои сайёра дар роҳи амну истиқрор”, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Боймурод Шарифзода доир ба мавзуи “Душанбе – шаҳри ҷавонон” суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти мамлакат, балки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё буда, дар он намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмии осоишта зиндагӣ менамоянд ва натиҷаи заҳматҳои содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат, шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардидааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш қироати шеърҳо дар васфи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе аз ҷониби н.и.ф., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавоӣ Ализода Абдурашид Хуҷамқул пешкаши ҳозирин гардонида шуд.