Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Пас аз эълон гардидани истиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Сабаб дар он мебошад, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.
Сиёсати ҳуқуқӣ шакли махсуси ифодаёбии сиёсати давлатӣ, воситаи барасмиятдарории ҳуқуқӣ, таҳким ва татбиқи роҳи сиёсии кишвар мебошад. Сиёсати ҳуқуқӣ бошуурона ва воҳид буда, пеш аз ҳама, дар конститутсия, қонунҳо, кодексҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри ҳифзи низоми иҷтимоӣ, рушди равобити ҷамъиятӣ дар самти дуруст ифода гардидааст. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6-уми феврали соли 2018, №1005 сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд.
Ташаккул ва рушди сиёсати ҳуқуқии кишварро бо назардошти санадҳои меърии ҳуқуқии қабулшуда метавон ба се давра ҷудо намуд: Давраи аввал – солҳои 1990-2010; давраи дуюм – 2011-2017; давраи сеюм – аз соли 2018 инҷониб.
Санади муҳими ифодакунандаи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва заминагузори давраи аввал Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24 августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул карда шуд. Аммо ин соҳибихтиёрӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ эълон карда шуд. Бо вуҷуди ин Эъломия аввалин ҳуҷҷате буд, ки роҳи истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекард. Дар он дарҷ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи РСС дода мешаванд, мустақилона ҳал мекунад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмравоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешавад, Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали ҳуҷҷатҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистиро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад. Ихтилофоти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи РСС дар бобати қонунӣ будан ё набудани ҳуҷҷатҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳал карда мешавад. Яъне Эъломия аввалин ҳуҷҷате буд, ки ба истиқлол наздик шуд.
9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор ва Изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик як рӯйдоди муҳимми таърихӣ гардид. Дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, № 392 “Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯзи эълон гардидани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 иди миллӣ ва рӯзи ид эълон шуд.
Дар Изҳорот аз 9 сентябри соли 1991, № 390 “Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар гардаид, ки “Тағйироти инқилобиро дар ИҶШС ба назар гирифта ва кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байни ҳамдигарӣ эҳтиром намуда, бо назардошти ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон, пайравии худро ба Эъломияи умумихалқии ҳуқуқи башар, дигар нормаҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз тарафи Съезди V ғайринавбатии депутатҳои халқи ИҶШС қабул гардидааст, тасдиқ намуда, баҳри таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагиро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, кушиш намуда, мувофиқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории бастани Шартнома дар бораи Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр, созишномаи иқтисодии байни давлатҳои мустақилу соҳибихтиёр ба шартҳои баробарҳуқуқию манфиатдории тарафайн бо интихоби озоди шаклҳои иштироки худ дар шартнома ва созишномаҳо баромад намуда, тарафдори ташкили низоми мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр мебошад. Дар муносибатҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистои ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ баромад намуда, дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани аслиҳаи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофҳои байни давлатҳои соҳибихтиёр сайъ намуда, ҳамкориро дар байни онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаматарафа (глобалӣ), ки дар назди башарият истодаанд, вусъат медиҳад”.
Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Ба сифати раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар ҳамин иҷлосия ибтидо гузошт. Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-ум 74 санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Ба рушди сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 заминаи устувор гузошт ва марҳилаи навро дар даврони соҳибистиқололи оғоз бахшид. Дар асоси моддаи 1 Конститутсияи кишвар дарҷ шуд, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Конститутсия санаи 6-уми ноябри соли 2020 аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат иброз намуда, аҳмияти онро баҳри рушди кишвар чунин байён карданд: “Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд. Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд. Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққии давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад. Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Мо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем. Тибқи Конститутсия давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эълон гардида, имрӯз тавассути ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши арзанда мегузорад”.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шудаанд.
Санади дигари меъёриву ҳуқуқии ифодакунандаи махсусияти сиёсати ҳуқуқии кишвар дар давраи аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007, № 272 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 11-уми июли соли 2017 ҷойгоҳи Қонуни мазкурро дар низоми ҳуқуқии кишвар чунин ифода намуда буданд: “Қонунгузории муосири кишвар бо қабули чунин як қонуни аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи моҳият демокративу дунявӣ дар ҷодаи ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, инчунин, дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ раванди тоза пайдо кард. Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Бо таъсири чунин раванд дар минтақаҳои гуногуни кишвар маъракаҳои сохтаву бофтаи ба фарҳангу мазҳаби мо бегона зиндагии табақаҳои камбизоатро, ки бе ин ҳам мушкилиҳои зиёд доштанд, вазнинтар гардониданд. Чунин вазъ моро водор сохт, ки аз ташаббуси қонунгузории худ истифода намуда, қонунеро, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат намояд, таҳия ва пешниҳод кунем. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.
Ислоҳот дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ дар давраи аввал оғоз ёфта буд, аммо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номураттаб инкишоф ёфта истода буд. Агар ин ислоҳот дар самтҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ, мудофиа, амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, суд ва адолати судӣ, мақомоти қудратӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбатан пеш рафта бошад, дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ, молия ва қарз, низоми андоз, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ, соҳаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва комплекси агросаноатӣ проблемаҳои зиёде мавҷ буднд, ки танзими ҳуқуқии ҳалли масъалаҳоро талаб мекарданд. Ҳамзамон, чунин тамоюлҳои манфии сиёсати ҳуқуқии кишвар дар ин давра, ки зарурати бартарафсозии онҳо дар ҷараёни такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меояд, ба мушоҳида мерасиданд: баҳисобгирии нопурраи дараҷаи батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор ҳангоми қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав; шумораи зиёди меъёрҳои истинодовардашуда; таҳрифи меъёрҳои қонунҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи сатҳи пасттар; пешгӯии нокифояи оқибатҳои қабули баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи онҳо, ки боиси дар як муддати кӯтоҳ ворид намудани тағйиру иловаҳо ё бекор кардани ин санадҳо баъд аз қабули онҳо мегарданд; дар баъзе мавридҳо ба манфиатҳои соҳавии (идоравии) субъектони ҳуқуқэҷодкунанда додани афзалият ҳангоми таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; дар баъзе ҳолатҳо ворид намудани тағйиру иловаҳои зиёд ба санадҳои кӯҳнашуда, ки ба батанзимдарории самараноки зарурии ҳуқуқӣ мусоидат намекунанд; дастрасӣ ва дарки нокифояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми табақаҳои аҳолӣ.
Оғози марҳилаи дуюм аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 “Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” маншаъ мегирад. Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳимми низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳия карда шуд. Самтҳои афзалиятноки Консепсия баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа буда, ба чунин мақсадҳо равона шуд буд; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният; якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дӯстона ва некӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ; таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ; такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ; рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод ва изҳори ақида, сухан ва такмили дигар унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ; пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ; ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон; бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ такмили қонунҳои амалкунанда, таҳия ва қабули қонунҳои нав; ҷиҳати баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо ҳангоми такмил додани қонунҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ, гендерӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Амалигардонии консепсия ба низоми мӯътадилии қонунгузорӣ мусоидат намуд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам оварад.
Рушду такомул ва сифатнок намудани қонунгузорӣ дар доираи Консепсия чунин зинаҳоро тай намуд: гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он; таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, иштирок дар таҳияи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ; таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; гузаронидани экспертизаи лоиҳаи қонунҳое, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд; баҳодиҳии вазъи муосири қонунгузорӣ, ошкор намудани масъалаҳои ҳалталаби асосӣ ва мухолифатҳо дар он, муайян намудани дигар масъалаҳои такмили қонунгузорӣ; муайян намудани самтҳои аввалиндараҷа, ҷорӣ, асосӣ ва дурнамои такмили қонунгузорӣ ва татбиқи он.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 762 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” санади дигари ифодакунандаи махсусияти сиёсати ҳуқуқии кишвар дар давраи дуюм мебошад. Мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Дар паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 29-уми августи соли 2011 зарурати қабули Қонуни мазкурро чунин шарҳ дода буданд: “Маҳз ба шарофати истиқлолият расму оин ва анъанаҳои неку писандидаи тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи аҷдодамон имрӯз ба як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо дорад, ки ҳам арзишҳои исломӣ ва ҳам расму оини аҷдодӣ бояд дар хизмати мардуми Тоҷикистон ва сарбаландии онҳо қарор дошта бошанд. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои охир дар мамлакати мо ба хотири танзими масоили иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла дар мавриди дин ва расму оинҳо як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуда, қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расидаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳост. Қонуни мазкур мутобиқи талаботи ҷомеаи озод баъд аз муҳокимаи умумихалқии тӯлонӣ ба тасвиб расида, дар таҳияи он ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла аҳли уламо бо пешниҳодҳои мушаххас саҳм гирифтанд. Ин аст, ки беҳтарин аҳкоми тарбиявии қуръони азимушшаън ва аҳодиси набавӣ, аз қабили номи нек гузоштан ба фарзанд, илм омӯхтан, пешгирӣ намудани фарзандон аз амалҳои ғайришаръӣ, пешгирӣ аз иштироки ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва амсоли инҳо дар қонуни мазкур ҷой дода шудаанд”.
Дар давраи дуюм Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқии мусоидаткунанда ба рушди низоми нави ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро ба марҳилаи сифатан нав, ба монанди банақшагирии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ, гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, гузаронидани экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳоро ворид намуд. Дар баробари қабул гардидани шумораи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ва эътироф гардидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин, дар ин давра як яқатор консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба ташаккул ва рушди минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар натиҷа корҳо оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муайян, аз ҷумла қонунгузории конститутсионӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, молиявӣ, бонкӣ, гумрук, андоз, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ, истеҳсолоти иҷро ва ғайра густариш пайдо намуданд. Ҳамзамон, дар ин давра дар асоси Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самту соҳаҳои гуногун барои солҳои 2012-2015 таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Дар давоми ин давра рукнҳои давлатдории муосири Тоҷикистон хеле таҳкиму такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар мунтазам мусоидат менамоянд. Бинобар ин, ислоҳоти гузаронидашуда ба такмили минбаъдаи демократикунонии институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Давраи сеюм аз соли 2018 оғоз мегардад, ки заминаи он қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 “Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028” мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дигаргуниҳои бунёдии дар раванди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ бавуҷӯъомада, инчунин, вусъат ёфтани ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, иштироки фаъолонаи он дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, таъсиси субъектҳои муштараки хоҷагидорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зарурати барқарор намудани иқтисодиёт пас аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, такмили фаъолияти давлатро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ баҳри мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи нави рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза, тақозо намуд.
Зарурати қабули Консепсия аз талабот ва омилҳои зерин бармеояд: танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқии ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони мансабдор; саъю кӯшиш ба натиҷанокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва устувории он. Меъёрҳои санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои қабулгашта на ҳама вақт самаранок амал менамоянд. Дар натиҷа ҳадафҳои дар назди онҳо ҳангоми қабул гаштанашон гузошташуда иҷро намегарданд, ки боиси ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани таҷйиру иловаҳои зиёд ё дар таҳрири нав қабул кардани онҳо мешаванд. Аз ин ҷо дар оянда зарурати таъмини натиҷанокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва устувории он ба миён меояд; пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, нуқсонҳо, такроршавӣ дар қонунҳо ва хориҷ кардани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташонро гумкардаю камсамар. Азбаски таркиби қонунгузорӣ мураккаб ва гуногунҷабҳа мебошад, дар он мухолифат, номутобиқатӣ ва камбудӣ ҷой дошта метавонанд. Аз ин ҷост, ки мушкилоти муҳимми фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ин бартараф намудани ихтилофу номутобиқатӣ байни қонунҳо, инчунин, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Чунин ҳолат метавонад боиси вайрон гардидани танзими банизомдарории ҳуқуқ гардида, фаъолияти муътадили кори низоми ҳуқуқро халалдор сохта, инчунин, ба танзими самараноки ҳуқуқӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таъсир расонад; мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон. Дар баробари воридшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқи миллӣ таносуб ва бо ҳам мутобиқ намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳалли дурусти онҳо бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои воқеии байниҳамдигарии ҷараёни татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ муайян мегардад. Ҳаёт водор месозад, ки оид ба баъзе хусусиятҳои асосӣ ва принсипҳои низоми ҳуқуқии англосаксонӣ, континенталӣ, мусулмонӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд, дар фаъолияти қонунэҷодкунии кишвар эътибор дода шавад. Ҳамзамон, бе таҳлили ҳаматарафа ба тасвиб расонидани санадҳои байналмилалӣ метавонад боиси мухолифат, номутобиқатӣ ва камбудии қонунгузорӣ гардида, дар натиҷа ба сифати қонунҳо таъсири манфӣ расонад. Зеро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми ҳуқуқии миллӣ дар алоқамандӣ ва зери таъсири дигар низомҳои ҳуқуқӣ қарор дорад. Чунин раванд зарурати баҳамназдикшавии онҳо, аз ҷумла ҳамоҳангсозӣ, якҷояшавӣ ва воридшавии меъёрҳои як низоми ҳуқуқиро ба меъёрҳои низомҳои ҳуқуқии дигар тақозо менамояд; самтҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани васеъ гардидани доираи муносибатҳои ҷамъиятии моҳиятан ҳаммонанд, ки бо қонунҳо танзим меёбанд, бояд дар оянда ботадриҷ кодификатсия карда шаванд. Зеро, дар шароити аз ҳад зиёд шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар баъзе соҳаҳо кодификатсия хеле муҳим мебошад. Ба чунин кодификатсия ва васеъкунӣ аз ҳоло бояд шурӯъ кард ва онро бо роҳи ботадриҷ аз нав кардани қонунгузории амалкунанда анҷом додан лозим аст. Мақсади кодификатсия кардани онҳо бартараф намудани номутобиқатӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳаммонанд мебошанд; такмил ва татбиқи якхелаи забон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ. Мавриди зикр аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар қонунгузории амалкунанда истилоҳот бо забони тоҷикӣ номуайян, гуногунмаъно ва тарзе истифода шудаанд, ки мазмуни меъёрии онро коста менамоянд. Забони қонун яке аз пояҳои асосии баланд бардоштани сифат ва мазмуни он мебошад. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ масъалаи эҷод ва истифодаи калимаю истилоҳоти дурусти ҳуқуқии тоҷикӣ дар қонунгузорӣ мебошад. Ҳангоми истифодаи ин ё он истилоҳот дар қонунгузории амалкунанда на танҳо ба содда ва равону фаҳмо будани он, балки ба доираи фарогирии мазмуну мафҳуми муайян эътибор додан зарур аст, то ки шарҳи гуногуни меъёрҳо истисно гардида, татбиқи якхелаи онҳо таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, зарурате ба миён меояд, ки дар оянда фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон таҳия гардад; татбиқи пурраи талаботи меъёрҳои ҳуқуқ дар амал. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалисозӣ ва татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар амал вобастагӣ дорад. Татбиқи ҳуқуқ яке аз самтҳои сиёсати ҳуқуқии кишвар буда, бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда, ҳамчунин, таъмини сифати мазмуни санадҳои татбиқи ҳуқуқ ва механизми амалӣ гардидани онҳо анҷом дода мешавад. Самаранокии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи татбиқи ҳуқуқ аз ҳисси масъулият, омодагии касбӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сатҳи баланди шуури ҳуқуқии касбии кормандони мақомоти татбиқи ҳуқуқ вобастагӣ дорад.
Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти сохтори конститутсионии кишвар, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ташаккул ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар шароити имрӯза низоми конститутсионии кишвар ба такмил ниёз дорад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд: татбиқи бевоситаи меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ; таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии кишвар; инкишофи кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; такмили идоракунии давлатӣ бо таваҷҷуҳ ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки ҳамчун асосгузори қонунгузории миллӣ эътироф шудааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз хатари парокандавшавӣ эмин монда, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад. Дар давоми 30 сол дар кишвар беш аз 350 қонун, 23 кодекс ва 17 ҳазор санади меъёрии ҳуқуқии зерқонқонунӣ қабул шуда, 3 кодекс ва 61 санади меъёрии дигар вазифаи давравии худро иҷро намуда, аз эътибор соқит шуданд. Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
Дониёр Сангинов, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор