ПАЖӮҲИШГАРИ НОМОВАРИ ЭРОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

339

Имрӯз (08.11.2023) дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нависандаи шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажӯҳишгари номовар ва омӯзгори муваффақ, хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадрро ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони сохторхои илмию фарҳангии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд. Қаблан меҳмони олиқадр аз намоишгоҳи ДМТ, ки муаррифгари дастовардҳои илмию таълии донишгоҳ буд, боздид намуд.

Сипас дар толори калони ДМТ вохӯрии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ бо меҳмони олиқадр сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз муносибатҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Муносибатҳои илмиву адабӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимии ду кишвар ҳанӯз аз солҳои 60-70-уми қарни бист бо ташрифи гурӯҳе аз олимону донишмандони барҷаста, ба вижа шоирону нависандагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, оғоз ёфта, ин анъана то замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва имрӯз идома дорад.

“Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар Донишгоҳи миллӣ даҳҳо нафар муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва унвонҷӯён аз муассисаҳои таълимиву илмии Эрон ташриф оварда, зери роҳбарии устодони шинохтаи Донишгоҳи миллӣ, рисолаҳои илмии хешро дифоъ намудаанд.

Сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардид, ки боиси ифтихори аҳли бисёрҳазораи олимон ва донишҷӯёни мо мебошад. Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.

Намунаи беҳтарини муносибатҳои тарафайн ин таъсис ва фаъолияти кафедра филологияи Эрон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳ мебошад, ки дар бахши мазкур айни ҳол даҳҳо олимону донишмандон ва пажӯҳишгарони соҳибном фаъолият мекунанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиши забону адабиёт ва фарҳангу таърихи Эрон машғул мебошанд. Бо ифтихору сарбаландӣ метавон гуфт, ки дар Донишгоҳи миллӣ риштаи форсӣ мавҷуд аст, ки дар он ба донишҷӯён аз забон, адабиёт, таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва дигар масоили марбут ба кишвари Эрон дарс мегӯянд” – иброз дошт Хушвахтзода Қ.Х..

Зимнан таъкид шуд, ки садҳо нафар олимону пажӯҳишгарони тоҷик осори адабии шоирону нависандагон ва муҳаққиқони эрониро ба риштаи таҳқиқ кашида, ҳунару истеъдод ва арзиши волои осори эшонро ба дӯстдорони шеъру адаби форсӣ расонидаанд.

Гуфта шуд, ки ташрифи хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ҳамчун як чеҳраи илмиву фарҳангӣ, муҳимтар аз ҳама, ҳамчун як омӯзгору мударрис дар самти муносиботи байнидавлатӣ саҳифаи наверо боз карда, барои муҳаққиқзанони Тоҷикистон, ба вижа занони Донишгоҳи миллӣ таккони ҷиддӣ дар самти машғул гаштани онҳо ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегардад.

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо зимни суханронии хеш аз рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, дар самти омӯзишу таҳдқиқ ва иҷрои пажӯҳишҳои тоза ибрози андеша намуд. Зимнан гуфта шуд, ки яке аз масъалаҳои меҳварии пажӯҳиши муосир масъалаи занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар ин самт корҳои илию эҷодӣ анҷом додан талаботи замон мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ рӯйнамоии китоби Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо – “Санъати зиндагии занон” сурат гирифт. Гуфта шуд, ки китоби мазкур тозанаш буда, дар он нақши занон дар ҷомеа ҳамаҷониба таҳлил гаштааст. Китоби “Санъати зиндагии занон” аз 8 боб иборат буда, мавзуҳои мавқеи зан дар рушди давлат, зан ва ҷомеа, зан – зебогӣ, зан – ободӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Дар охир ҳамчун рамзи дӯстӣ аз ҷониби роҳбарияти ДМТ ба меҳмони олиқадр туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.