Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май таҷлил карда мешавад, дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор шуд.
Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода баргузор гардид. Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳама давру замонҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оилаи солим ба ҳисоб меравад. Инсон аз рӯзҳои аввали ба дунё омаданаш дар ин мактаби бузурги ҳаёт тарбия ёфта, ин тарбияи хонаводагӣ заминаи асосии бавуҷудоии таълим ҳисобида мешавад.
Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пойдории оила ва ҳамчун рукни пойдории давлат эътироф шудани он як зумра санаду қонунҳои дахлдор ба тасвиб расидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2015 дар ҷумҳурӣ – Соли оила эълон гардид.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи таълиму тарбияи оилавӣ инсон ба ватану модар ва дигар арзишҳои миллӣ ошнои пайдо карда, бо ин муқаддасоти ба инсоният азиз унс гирифта, хишти аввалини меҳру муҳаббатро нисбат ба модару ватани хеш аз инҷо мегузорад. Барои ҳамин ҳам оиларо бузургону ҷомеашиносон пойдевори асосии давлатдорӣ мешуморанд.
Зимни ҳамоиш устодони Донишгоҳ А.Алимуродов, Амирхон Ш. ва Сафарализода Х. дар робита ба масъалаҳои оилдорӣ, тарбияи фарзанд, никоҳи хешутаборӣ, муносибати зану шавҳар дар оила ва масоили марбут ба он суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки пойдорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва солимию бурдбориҳо аз оила оғоз мегирад. Пас месазад, ки ҳарчи бештар дар мустаҳкаму обод гардидани оилаҳо саҳмгузор бошем. Зеро ҷомеаи солиму давлати обод аз ваҳдати миёни оилаҳо сарчашма мегирад. Бино бар ин ҳам давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Барои он ки зан модар дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Гуфта шуд, ки тибқи қонунгузориҳои миллӣ таълиму тарбияи фарзандон ба зиммаи оила вогузор карда шудааст. Бинобар ин, қонунгузорӣ ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд ва мувофиқи анъанаҳо ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, амал намоянду оилаи солимро ташкил намоянд. Зеро оила дар рушди ҷомеа нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.