ОБУ ИҚЛИМ, ИҚТИСОДИЁТ ВА ЭКОЛОГИЯ: САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

214

Дар доираи иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, иқлим ва пиряхҳо дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоишҳои гуногунсатҳгузаронида мешавад. Ин навбат (18.05.2024) дар Донишгоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва олимону муҳаққиқони Донишгоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим, иқтисодиёт ва экология» доир гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Ибтидо, ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳо қабул шуд ва онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона истиқбол намуд. Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Сипас дар мавзуи “Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим” номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ Қурбомад Содиқов суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида намуда истодаем, ки Пешвои муаззами миллат тайи ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъалаи мазкурро бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибати ногувори он ба сайёра ҳушдор месозад.

Дар ҷамъомад, ҳамзамон, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи “Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон”, дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии факултети иқтисод ва идора Насибулло Қаландарзода дар мавзуи “Такмили механизми экологӣ-иқтисодии идоракунии обистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муаллими калони кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодии факултети мазкур Садриддин Чоршанбиев оид ба мавзуи “Иқтидор ва дурнамои тараққиёти манбаъҳои барқароршавандаи энергия: тамоюли ҷаҳонӣ ва миллӣ”, инчунин, мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносӣ Шарифзода Фазлиддин дар робита ба ҷанбаҳои ҳуқуқии мавзуи мазкур суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳияи пешниҳодҳои муҳим дар мавриди дарёфти роҳи ҳалли масоили глобалӣ саҳми худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст.

Ректори Донишгоҳ дар анҷоми ҳамоиш иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла об, иқлим ва пиряхҳо саривақтӣ буда, моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор ва амалӣ гардидани иқдомоти Пешвои миллат самараи дилхоҳ диҳанд.