ВОХӮРӢ БО ДОКТОРАНТОНИ Ph.D ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

268

Имрӯз (04.06.2024) дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо докторантони Ph.D-ии Донишгоҳ ва роҳбарони илмии онҳо, инчунин, мутасаддиёни раёсат ва садорати факултетҳо баргузор гардид.

Ибтидо, ректори Донишгоҳ дар робита ба муҳиммияти баргузории нишасти мазкур суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ менамоянд. Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои калидии рушди кишвар ин ҷараёни тадқиқотҳои илмӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд: “Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Дар идома ректори Донишгоҳ дар робита ба нуктаҳои гуногуни суханронии Пешвои миллат ва татбиқи талаботи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ суханронӣ намуд.

Зимнан муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода М.С. дар робита ба фаъолияти илмию таълимии докторантон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар Донишгоҳ беш аз 200 докторант таҳсил доранд.

Ҳамзамон, директори Парки технологии Донишгоҳ Муродзода Умед дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» суханронӣ намуда, дар самти амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур тавсияҳои судманд дод.

Дар ҷаласа ба докторантон оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарбиявию маърифатии факултетҳову Донишгоҳ тавсияҳои судманд дода шуд. Гуфта шуд, ки фаъолияти докторантони Ph.D бояд аз ҷониби роҳбарон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, пайваста муваффақиятҳои илмӣ натиҷагирӣ карда шаванд. Дар зимн оид ба масъалаҳои баррасишуда мутасадиёни самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Пешниҳодҳо:

1. ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МАВЗӮЪ.

___________________

Интихоби мавзуъ, ки қадами нахустин барои анҷом додани корҳои илмӣ мебошад, бояд дурусту муваффақона бардошта шавад ва дар ин самт нақши роҳбарони илмӣ низ бағоят назаррас арзёбӣ мегардад. Мо устодону омӯзгорон бояд барои ҷавонон мавзуъҳоеро барои ҷавонон пешниҳод намоем, ки пеш аз ҳама ба сатҳи дарку фаҳмиши муҳаққиқи ҷавон мувофиқ бошад ва баъдан ин мавзуъ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, имконияти дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои ба даст омадаи тадқиқот вуҷуд дошта бошад. Натиҷаи фаъолияти илмӣ бояд барои омода намудани маҳсулоти нав, баландсифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори истеъмолӣ заминаи мусоид гузорад.

Интихоби номувафақона ва ғайриқаноатбахши мавзуъҳои корҳои илмиро Пешвои миллат қайд намуда, иброз доштанд, ки то имрӯз ҳастанд ҳолатҳое, ки муҳаққиқ рисолаи илмии худро ҳимоя мекунаду аз мазмуну муҳтавои ӯ огоҳ нестанд.

2. ТАБОДУЛ ВА ТАҶРИБА.

___________________

Вазъи кунунӣ ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ шароити мусоид барои ҳамкориҳои судманд дар сатҳи тадқиқотҳои байналмилиро фароҳам овардааст, ки истифодаи самаранок аз шароитҳои мавҷуда вазифаи муқаддаси мо зиёиёни кишвар маҳсуб мегардад. Олимону донишмандони мо, бахусус, роҳбарони илмиро зарур аст, ки таҷрибаи бузурги устодону донишмандони соҳибмактаби дохиливу хориҷиро омӯзанд, ҳамкориҳои судмандро бо онҳо ба роҳ монда дар тарбияи олимони ҷавон аз онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид гиранд. Зеро мутафаккири барҷастаи тоҷик Ҷалолиддини Румӣ ҳанӯз дар асри 13 зикр карда буд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Дар мавриди мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ба маврид қайд намуданд: “Мо ҳамеша мегӯем, ки пайванди наслҳоро бояд ҳифз кунем ва идома диҳем”.

3. ДАСТГИРИИ МОЛИЯВӢ

БАРОИ НАТИҶА.

___________________

Бо назардошти муҳим будани тавсеаи ҳамкориҳо бо соҳибкорон, сармоягузорон ва умуман бахши хусусӣ Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки имрӯзҳо сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Дар ин робита бояд таъкид сохт, ки барои таъмини ҳамкориҳои судманд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои чунин ҳамкориҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” яке аз талаботҳои асосӣ ин таъсиси маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти имлӣ ва илмию техикӣ ба ҳисоб меравад. Таъсиси чунин ниҳод дар доираи донишгоҳ метавонад ба ҷалби соҳибкорону саромягузорон таъсир гузошта, имкон фароҳам орад то натиҷаи фаъолияти илмӣ дар бозорои истеъмолӣ талабгори худро пайдо кунад.

4. ИМКОНОТИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ

___________________

Имрӯзҳо технологияҳои нави рақамӣ бо доираи имкониятҳои фарохи худ барои мо дар тамоми самтҳои ҳаёт сабукиҳои зиёдеро ба бор овардааст. Аз ҷумла истифодаи бозорҳои интернетӣ ва ба фурӯш гузоштани молу маҳсулоти истеҳсолшуда тавассути интернет падидаи нав аммо муассир буда, дар ин самт таҷрибаи Парки технологӣ низ мавриди таҳснину дастгирӣ мебошад. Имрӯз тамоми молу маҳсулоти истеҳсолшудаи Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бахусус, маҳсулои доруворӣ маҳз тавассути интернет ба фурӯш гузошта мешавад, ки низоми мазкур ҳам барои истеҳсолкунандагон ва ҳам барои мушатриён қулай мебошад.

5. УФУҚҲО ДАР МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ.

___________________

Агар яке аз масъалаҳои асосӣ ин ҷалби сармояи хориҷӣ бошад пас ҳадафи дигар ин ҳифзи моликият, бахусус, моликияти зеҳнӣ мебошад. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки сармоя ҳамавақт ба ҷое меравад, ки онҷо моликият ҳифз шавад. Пас имрӯз олимону донишмандон аз ҷумла мутахассисони соҳаи фановарирор зарур аст, то баҳри ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва натиҷаи фаъолияти илмии муҳаққиони ватанӣ таҷрибаи муассисаву ширкатҳои пешрафати ҷаҳониро дар шароити кунунии Тоҷикистон татбиқ намоянд. Муаҳаққион мо бошад, бояд донишҳои иттилоотиву техникии худро баланд намуда, бо ин роҳ баҳри ҳифзи моликияти зеҳнии худ омода бошанд.

6. ПАЙВАНД БА ҶАҲОНИ МУТАМАДДИН

___________________

Аз ҷумлаи тадбирҳои дигари судманд, ки метавон дар амал татбиқ намуд, ин ҷалб ва роҳнамоии муҳаққиқони ҷавон барои навишатни мақолаҳои ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ аз қабили Scopus, WoS ва ғайра мебошад. Зеро талаботи асосӣ барои чунин мақолаҳои ин асосан паҳлуи амалӣ доштани мақолаҳои таҳияшуда мебошад. Яъне муҳаққиқи ҷавон дар баробари навиштани мақола ва рушди донишҳои назариявии худ, инчунин кӯшиш мекунад то ба амалия низ рӯ оварад. Дар натиҷа навиштани чунин мақолаҳо муҳаққиқ ҳам донишҳои назариявиу амалии худро такмил медиҳад ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ сазовори нишондон ё худ рейтини муайян мегардад.

7. ТИҶОРАТИКУНОНӢ…

___________________

Таҳияи барномаи таълимии “Тиҷоратикунонии натиҷаи фаъолияти илмӣ”. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои ба бозори истеъмоли набаровардани натиҷаҳи фаъолияти илмӣ ё худ амалӣ накрдани натиҷаи онҳо дар он зоҳир мегардад, ки бештари муҳаққиони мо, аз ҷумла ҷавонон донишҳои ба таври дуруст ба роҳ мондадни тиҷоратикунонии натиҷаи фаъолияти илмиашонро надоранд. Зеро раванди тиҷоратикунонӣ кори саҳлу содда набуда, маҷмуи муайяни донишҳоро талаб менамояд. Аз ин рӯ ба манифат аст, агар “Тиҷоратикунонии натиҷаи фаъолияти илмӣ” дар шакли барномаи таълимӣ таҳия ва барои магистрантону докторантон тадрис дода шавад.

8. ТАҶДИДИ ТАДРИС ВА ТАҲҚИҚ

___________________

Ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пешниҳод менамоем, то масъалаи барномаҳои таълимиӣ барои донишҷӯён ва махсусан магистрантону докторантон аз нав дида баромад шавад ва дар таҳияи барномаиҳои нави таълимӣ ба касбият ва мувофиқату алоқамандии фани таълимӣ ба ихтиососи тадрисшаванда аҳамияти ҷидди дода шавад. Инчунин, истифодаи методикаи нисбатан нави таълимӣ барои таълими насили имрӯза, ки бевосита ҷавонони замони технологияҳои нави рақамӣ мебошанд, муфид арзёбӣ мегардад.