
Аз 16 то 20 июни соли 2025 дар Донишгоҳи муҳандисии Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии “Central Asian Talents Exchange” баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ ва Чин мебошад. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ҳайати устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки фаъолу муассир саҳми хешро гузоштанд.
Дар ҷараёни форум, ки дар он намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ ва Чин иштирок доштанд, аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сардари Раёсати таълими ДМТ н.и.ҳ., дотсен Шарифзода И.М., декани факултети механикаю математика н.и.т., дотсент Саидзода И.М. ва мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химявӣ, д.и.т., профессор Самиҳзода Ш.Р. иштирок ва бо маърӯзаҳои илмии хеш суханронӣ намуданд.
Cардори Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода И.М. доир ба нақшу ҷойгоҳи устувори Донишгоҳи миллӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ мавсуф таъкид кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз ба як маркази муҳими тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, таълимӣ ва таҳқиқотӣ табдил ёфта, саҳми назаррасе дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мегузорад. Зикр кард, ки фаъолияти илмиву таълимии устодону кормандони Донишгоҳ ба самтҳои муҳимми замон, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоти илмии муосир, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, таҳияи барномаҳои таълимии нав, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ равона шудааст.
Шарифзода И.М. ҳамчунин ба тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва иштироки устодон дар форуму конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ишора намуда, Донишгоҳи миллиро намунаи барҷастаи пешрафти устувор ва рушди муттасили илм дар фазои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи форум декани факултети механикаю математика, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидзода И.М. дар мавзуи “Амсиласозии компютерии экоситемаи обанборҳо, мамнуъгоҳҳо ва обшавии пиряхҳо” баромад намуда, саҳми олимони тоҷик хусусан, олимони ДМТ-ро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд. Муҳаққиқони хориҷи ба натиҷаҳои илмии олимони тоҷик баҳои баланд дода, онҳоро барои ҳамкории муштарак даъват намуданд.
Доктори илмоҳои техникӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявӣ Самиҳзода Ш.Р. дар мавзуи “Технологияи истеҳсоли нуриҳои комплексӣ барои нашъу нумуи растанӣ” баромад намуд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон сарзамини куҳсор буда, аз канданиҳои фоиданоки маъдани хеле бой мебошад. Яке аз канданиҳои фоиданок ин маъданҳои фосфорити мебошад. Барои ба кор андохтани конҳои фосфорити сармоягузоронро аз Ҷумҳурии халқии Хитой даъват намуд. Инчунин барои минбаъд бастани лоиҳаи муштарак доир ба истеҳсоли нури минералии комплекси бо иловаи микроэлементҳо байни Донишгоҳи миллии Точикистон ва Донишгоҳи муҳандисии Харбин даъват намуд.