ПОСИ ХОТИРОТИ УСТОД АЙНӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

38

Имрӯз (15-уми апрел) рӯзи таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ (1878–1954) мебошад. Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти шахсияти барҷаста ва поягузори адабиёти муосири тоҷик дар оромгоҳи устод Садриддин Айнӣ маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Намояндагони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллӣ таҳти роҳбарии декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти гулгузорӣ ташрифи намояндагони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишвар – устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ тавъам афтод.

Ҳозирин бо эҳтироми бузург ва шукргузорӣ аз мероси гаронбаҳои устод Айнӣ, гирди муҷассамаи устод ҷамъ омада, гулчанбару гулдастаҳо гузоштанд. Ҳамзамон, дар суханрониҳои худ устодон аз ҷойгоҳи таърихии устод Айнӣ дар бедории миллӣ, рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ бо эҳтироми хосса ёдовар шуданд.

Бахши шеърхонӣ яке аз ҷиҳатҳои пурмазмуну рӯҳбахши чорабинӣ буд. Шеърҳо аз ашъори худи устод Айнӣ ва ашъори бахшидашуда ба эшон қироат гардиданд, ки фазои маънавиро ғанитар сохтанд. Донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бо эҳсоси гарми муҳаббат ба мероси адабӣ шеърҳо қироат намуданд.

Ин чорабинӣ на танҳо ба ёдбуди як шахсияти таърихӣ бахшида шуда буд, балки ҳамчун ҷашни арҷгузорӣ ба фарҳангу маърифат ва хештаншиносии миллӣ маҳсуб меёфт. Чунин иқдомҳо боиси тақвияти робитаи наслҳо ва ҳифзи мероси бузурги фарҳангии миллати тоҷик мегарданд.

Лозим ба таъкид аст, ки устод Садриддин Айнӣ аввалин академики тоҷик ва муассису раҳбари нахустини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, бо осори пурарзишаш ба рушди илму адаби тоҷик замина гузоштааст.