САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ

8

Дар замони муосир, ки даврони рушди бесобиқаи технология, илм ва эътирофи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад, мавҷудияти падидае ба мисли савдои одамон на танҳо мояи таассуф, балки як доғи сиёҳ дар виҷдони инсоният аст. Савдои одамон, ки онро аксаран «ғуломии муосир» ном мебаранд, яке аз шаклҳои палидтарин ва даромадноктарини ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мебошад. Он пас аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ дар ҷои сеюм қарор дошта, ҳамасола миллионҳо нафарро қурбонӣ мекунад. Муқовимат ба ин зуҳурот на танҳо вазифаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мувофиқи Протоколи Палермои Созмони Милали Муттаҳид (соли 2000), савдои одамон ин ҷалб, интиқол, додани паноҳгоҳ ё қабули одамон бо роҳи таҳдид, истифодаи зӯрӣ, фиреб, суиистифода аз ваколат ё ҳолати осебпазирии шахс бо мақсади истисмор мебошад. Ҷинояткорон инсонро ҳамчун «мол» ё «воситаи истеҳсолот» мебинанд. Тибќи назарҳо раванди савдои одамон одатан аз се марҳила иборат аст, ки инҳоянд: ҷалбкунӣ, яъне қочоқчиён бо истифода аз ваъдаҳои бардурӯғ дар бораи кори сердаромад, таҳсил дар хориҷа ё издивоҷи бомуваффақият қурбониёнро ба дом мекашанд. Аксар вақт ҷалбкунандагон нафарони шинос, хешовандони дур ё ширкатҳои қалбакии бокортаъминкунӣ мебошанд; интиқол – қурбониро аз як минтақа ба минтақаи дигар ё аз як давлат ба давлати дигар интиқол медиҳанд. Дар ин марҳила одатан ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳо гирифта мешаванд; истисмор – марҳилаи ниҳоӣ, ки дар он шахс ба ғулом табдил меёбад ва бо зӯрӣ ба корҳои гуногун ҷалб карда мешавад.

Савдои одамон шаклҳои гуногун дорад, ки ҳар кадоми онҳо ба тақдири инсонҳо таъсири ҳалокатовар мерасонанд:

Якум ин истисмори меҳнатӣ аст. Шахсон дар сохтмонҳо, корҳои кишоварзӣ, корхонаҳои пинҳонӣ ва ё хонаҳои сарватмандон ҳамчун хизматгор ба таври иҷборӣ ва бемузд кор мекунанд. Онҳо дар шароити ғайриинсонӣ зиндагӣ карда, аз озодии ҳаракат маҳруманд.

Дуюмаш истисмори шаҳвонӣ (ҷинсӣ) мебошад. Аксаран занон ва духтарони ҷавон қурбонии ин намуди савдо мегарданд. Онҳоро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда, дар фоҳишахонаҳо маҷбур ба танфурӯшӣ мекунанд.

Сеюмаш истисмори кӯдакон аст. Кӯдакон барои талбандагӣ, меҳнати вазнин ва ҳатто барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона истифода мешаванд. Ин шакли савдои одамон аз ҳама бераҳмона буда, ояндаи насли наврасро барбод медиҳад.

Чорумаш қочоқи узвҳои инсон. Ин шакли камтар паҳншуда, аммо бениҳоят даҳшатноки савдои одамон мебошад, ки дар он одамонро барои гирифтан ва фурӯхтани узвҳои баданашон (ба монанди гурда, ҷигар) мерабоянд ва ё бо фиреб розӣ мекунанд.

Барои муборизаи самарабахш, нахуст бояд сабабҳоеро, ки инсонро ба доми қочоқчиён мебаранд, дарк намуд. Сабабҳои асосан ҷиҳати иқтисодӣ, ҳуқуқиву маърифатӣ, иҷтимоиву равонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои иқтисодӣ ин камбизоатӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва набудани дурнамои рушди иқтисодӣ дар баъзе кишварҳо одамонро маҷбур месозад, ки дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба ҳар гуна пешниҳодҳои шубҳанок розӣ шаванд. Сабабҳои ҳуқуқӣ ва маърифатӣ бошанд надоштани саводи ҳуқуқӣ ва надонистани забонҳои хориҷӣ. Бисёр одамон бе санҷиши шартномаи меҳнатӣ ба кишварҳои дигар сафар мекунанд. Омилҳои иҷтимоӣ ва психологӣ бошанд ин зӯроварӣ дар оила, вайроншавии оилаҳо ва хоҳиши зудтар раҳо ёфтан аз муҳити носолими хонаводагӣ, хусусан занону ҷавононро осебпазир мегардонад. Инчунин омили дигар муноқишаҳои ҳарбӣ, ноустувории сиёсӣ ва бӯҳронҳои экологӣ боиси муҳоҷирати оммавӣ мегарданд, ки дар байни онҳо қочоқчиён ба осонӣ қурбониёни худро пайдо мекунанд.

Муқовимат ба ин ҷиноят равиши маҷмӯӣ ва ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Ин мубориза метавонад дар се самти асосӣ ҷараён гирад: пешгирӣ, таъқиби ҷинояткорон ва ҳимояи қурбониён. Давлатҳо бояд қонунгузории худро бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонанд. Ҷазо барои савдои одамон бояд шадид ва ногузир бошад. Ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои гуногун тавассути Интерпол ва дигар созмонҳо муҳим аст, зеро ин ҷиноят хусусияти фаромиллӣ дорад ва қочоқчиён марзҳоро убур мекунанд. Нафароне, ки аз ғуломӣ наҷот меёбанд, осеби сахти ҷисмонӣ ва равонӣ мебинанд. Онҳо набояд ҳамчун ҷинояткор ё вайронкунандаи қоидаҳои муҳоҷират ҷазо дода шаванд. Давлат ва созмонҳои ғайридавлатӣ бояд марказҳои бӯҳронӣ (паноҳгоҳҳо) созанд, то ба онҳо ёрии тиббӣ, равоншиносӣ ва ҳуқуқӣ расонанд. Интегратсияи дубораи онҳо ба ҷомеа ва таъмин бо ҷои кор шарти асосии пешгирии такроран қурбонӣ шудани онҳост.

Пешгирӣ роҳи аз ҳама самараноки муқовимат аст. Огаҳсозии мардум тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои таълимӣ дар мактабу донишгоҳҳо бояд ба таври доимӣ роҳандозӣ шавад. Ҳар як шахс пеш аз сафар ба хориҷа бояд қоидаҳои оддии бехатариро донад: ҳеҷ гоҳ шиносномаи худро ба шахсони бегона надиҳад; шартномаи меҳнатиро ба таври расмӣ ва бо забони фаҳмо бандад; суроға ва рақамҳои телефони сафоратхона ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқро дар кишвари таъинот бо худ дошта бошад; бо наздикон мунтазам дар тамос бошад ва онҳоро аз макони будубоши худ огоҳ созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт қадамҳои устувор гузоштааст. Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон», ташкили Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва ҳамкории зич бо Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират гувоҳи ин гуфтаҳост. Азбаски Тоҷикистон кишвари дорои сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин, масъалаи боло бурдани саводнокии ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамоно актуалӣ боқӣ мемонад. Бисёре аз шаҳрвандон бинобар надонистани қонунҳои кишварҳои қабулкунанда ба доми қаллобон меафтанд ва маҷбур мешаванд дар шароити сахт кор кунанд.

Ҳамин тариқ савдои одамон танҳо як мушкилоти криминалӣ нест; он бӯҳрони ахлоқии ҷомеаи башарист. Он нишон медиҳад, ки то чӣ андоза дар баъзе мавридҳо арзишҳои инсонӣ дар назди нафс ва манфиатҳои молиявӣ беқадр мешаванд. То вақте ки дар ҷомеа талабот ба меҳнати арзон ва истисмори ғайриқонунӣ вуҷуд дорад, ин тиҷорати хунин идома хоҳад ёфт. Муқовимат ба савдои одамон аз ҳар яки мо оғоз мешавад. Мо бояд дар баробари сарнавишти атрофиён бетафовут набошем, саводи ҳуқуқии худро баланд бардорем ва дарк кунем, ки озодӣ ва шарафи инсонӣ арзишҳои олӣ буда, ҳеҷ гоҳ набояд объекти хариду фурӯш қарор гиранд. Инсон мол нест ва набояд ҳеҷ гоҳ ба мол табдил дода шавад. Муборизаи беамон бо ғуломии муосир вазифаи муқаддаси ҳар як давлат ва ҳар як фарди солимфикр аст.

Мусоева Шукрона – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ