МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15

Дар остонаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо на танҳо аз дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоламон ёдовар мешавем, балки ба масъалаҳое низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоем, ки метавонанд ба арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид намоянд. Дар замони муосир яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар баробари терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир савдои одамон ба шумор меравад.

Савдои одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ гардида, ба амнияти миллии давлатҳо таҳдиди ҷиддӣ ворид менамояд.

Гарчанде ки солҳои охир инсоният дар самти ҳифзи ҳуқуқи башар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, санадҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавиро аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияҳо дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ ва табъиз нисбат ба занон, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, Конвенсияи Амрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конвенсияи Африқоии ҳуқуқи инсон ва халқҳо қабул кардааст, ҷинояти савдои одамон то ҳол ҳамчун яке аз шаклҳои муосири ғуломдорӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Ин масъала дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, 15 ноябри соли 2000 бо Қатъномаи 55/25-и Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санади таърихӣ – Протокол дар бораи пешгирӣ ва қатъ намудани савдои одамон, бахусус занону кӯдакон ва ҷазо барои он, ки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ – ро такмил медиҳад, қабул гардид. Ин ҳуҷҷат дар ҳуқуқи байналмилалӣ бештар бо номи “Протоколи Палермо” маъруф мебошад. Аҳамияти ин санад дар он аст, ки бори аввал дар таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ба ин ҷинояти мураккаб баҳои дақиқи ҳуқуқӣ дода шуд. То қабули ин ҳуҷҷат ҳар давлат савдои одамонро ба тарзи худ тавсиф менамуд, аммо Протоколи Палермо як сохтори ягонаи иборат аз се унсури асосӣ – амал, восита ва мақсадро муайян намуд. Савдои одамон танҳо аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдани инсон нест. Он аз ҷалб намудан, интиқол додан ва пинҳон намудани шахс оғоз гардида, бо истифода аз усулҳои ғайриинсонӣ, аз ҷумла таҳдид, зӯроварӣ, фиреб ё суиистифода аз ҳолати нотавонӣ ва муҳтоҷии инсон амалӣ карда мешавад. Мақсади ниҳоии ҷинояткорон ҳамеша як аст – истисмори бераҳмонаи инсон, хоҳ он фоҳишагарии маҷбурӣ бошад, хоҳ меҳнати маҷбурӣ ё ҳатто гирифтани узвҳои бадани инсон.

Ҳуҷҷати мазкур ҷомеаи ҷаҳониро вазифадор менамояд, ки ба қурбониён ҳамчун шахсони осебдида муносибат намоянд. Давлатҳо уҳдадоранд, ки махфияти ҳаёти шахсии ҷабрдидагонро ҳифз намуда, ба онҳо паноҳгоҳи амн, кумаки тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ расонанд, инчунин имкони гирифтани ҷуброни зарари расидаро фароҳам оваранд. Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар натиҷаи ҳамкории давлатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ самарабахш буда метавонад. Аз ин рӯ, вазъи ҳуқуқии қурбониён бояд на ҳамчун ҳуқуқвайронкунанда, балки ҳамчун шахсони таҳти ҳимояи қонун дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.

Барои дарки амиқи ин масъала, пеш аз ҳама зарур аст, ки ба мафҳуми ҳуқуқии ин зуҳуроти номатлуб дар қонунгузории амалкунандаи кишвар назар афканем. Танзими ҳуқуқии ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ки санаи 26.07.2014 таҳти №1096 қабул карда шудааст амалӣ мегардад. Дар ин қонун мафҳуми “муқовимат ба савдои одамон” ҳамчун фаъолият оид ба огоҳонӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он муайян гардидааст.

Савдои одамон ҳамчун шакли муосири ғуломӣ яке аз ҷиноятҳои вазнини фаромиллӣ ба ҳисоб рафта, муқовимат бо он устувории низоми ҳуқуқӣ ва амнияти иҷтимоии ҳар як давлатро тақозо менамояд. Дар шароити муосир ин зуҳуроти номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои паҳлуҳои мураккаб гардидааст, ки баррасии онҳо дар доираи се масъалаи асосии занҷираи ҷиноятӣ аҳамияти муҳим дорад. Барои дарки миқёси ин таҳдид, омори Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) нишон медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳон занон ва кӯдакон тақрибан 70 дарсади қурбониёни савдои одамонро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора қариб 50 дарсад барои истисмори шаҳвонӣ ва дигар шаклҳои истисмор истифода шуда, қисми боқимонда ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда мешаванд.

Масъалаи якум: Омилҳои асосии сар задани ҷиноят ва гурӯҳҳои осебпазир. Ин бахши ҷиноят бевосита ба сатҳи огоҳӣ ва устувории иҷтимоии аҳолӣ вобаста мебошад. Таҳлилҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки ҳарчанд ҳар як шахс метавонад қурбонии ин занҷираи ҷиноятӣ гардад, аммо гурӯҳҳои муайяни ҷомеа бинобар осебпазирии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии худ бештар дар меҳвари таҳдид қарор доранд.

Омили аввал ба занони ҷавон ва шахсони дорои маърифати пасти ҳуқуқӣ дахл дорад. Сабаби асосии хавф дар он аст, ки набудани таҷрибаи кофии зиндагӣ ва огоҳӣ аз қонунгузорӣ имконияти ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд месозад. Ҷинояткорон ва ширкатҳои сохтаи миёнарав аз ин ҳолат истифода намуда, бо ваъдаҳои бардурӯғи маоши баланд ва шароити хуби корӣ одамонро ба доми фиреб мекашанд. Надонистани тартиби расмии ҳуҷҷатгузорӣ ва фарқ карда натавонистани шартномаи қонунии меҳнатӣ аз шартномаи сохта ин гурӯҳро ба осонӣ қурбонии истисмор мегардонад.

Омили дувум ба ноустувории вазъи молиявӣ вобаста мебошад. Занони серфарзанд, модарони танҳо ва оилаҳои ниёзманд зери фишори шадиди иқтисодӣ ва мушкилоти рӯзгор қарор доранд. Ин вазъият онҳоро маҷбур месозад, ки ба ҳар гуна пешниҳоди кори шубҳанок аз ҷониби шахсони ношинос бидуни санҷиши кофӣ розӣ шаванд ва дар натиҷа ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор гарданд.

Омили севум ба зӯроварии хонаводагӣ алоқаманд аст. Фишори пайвастаи равонӣ ва ҷисмонӣ дар муҳити оила шахсро ба буҳрони шадиди рӯҳӣ мерасонад. Дар чунин вазъият мақсади асосии ӯ танҳо раҳоӣ аз муҳити носолим мегардад. Миёнаравон аз ин ҳолати осебпазир истифода намуда, бо ваъдаи зиндагии осуда ва кори муносиб ҷабрдидаро ба сафар ва қабули пешниҳоди худ водор месозанд.

Омили чаҳорум ба соҳаҳои фароғатӣ ва дилхушӣ, аз ҷумла маҳфилҳо, марказҳои фароғатӣ ва тарабхонаҳо, инчунин шахсони ба фоҳишагӣ машғулбуда дахл дорад. Муҳити чунин ҷойҳо бештар зери таъсир ва назорати гурӯҳҳои ҷинояткор қарор мегирад. Шахсони дар ин соҳа фаъолияткунанда тавассути таҳдид, вобастагии қарзӣ ва истифодаи воситаҳои нашъаовар зери нуфузи ҷинояткорон қарор гирифта, барои истисмори шаҳвонии фаромарзӣ ба давлатҳои дигар интиқол дода мешаванд.

Омили панҷум фаъолияти агентиҳои никоҳии сохта мебошад, ки зери ниқоби пайдо намудани “домоди сарватманди хориҷӣ” амал мекунанд. Онҳо орзуи зиндагии хушбахтонаро василаи фиреб қарор дода, баъд аз сафар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти қурбониёнро гирифта, робитаи онҳоро бо ҷаҳони беруна пурра маҳдуд менамоянд.

Дар мавриди кӯдакон ду омили хавфи ҷиддӣ мавҷуд аст. Аввалан, кӯдакони дорои маъюбият, ки бинобар вазъи саломатии худ имкони пурраи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро надоранд ва аз ҷониби ҷинояткорон барои гадоӣ ё омода намудани маводи ғайриахлоқӣ (порнографӣ) истифода мешаванд. Дувум, кӯдаконе, ки аз волидони худ ҷудо мондаанд, аз ҷумла фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар назди хешовандон зиндагӣ намуда, аз назорати мустақими падару модар ва муассисаҳои таълимӣ маҳрум мебошанд. Ин гурӯҳи кӯдакон бештар ҳадафи ҷалбкунандагон барои иҷрои меҳнати маҷбурии вазнин қарор мегиранд.

Ҳамаи ин омилҳо дар заминаи муҳоҷирати бенизом ва супоридани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба корфармоёни сохта боз ҳам шиддат меёбанд. Дар чунин ҳолат инсон озодии ҳаракати худро аз даст дода, тадриҷан ба объекти истисмор табдил меёбад.

Масъалаи дувум: Мушкилоти ошкорсозӣ ва тағйирёбии шакли ҷиноят. Ҷинояткории муосир симои худро ба таври ҷиддӣ тағйир додааст, ки ин ҳолат барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилоти нави ҳуқуқӣ ва тактикӣ ба миён меорад. Аввалан, қисми зиёди ин ҷиноятҳо ба фазои интернетӣ ё рақамӣ кӯчидаанд. Ҷинояткорон дигар усулҳои суннатии ҷалбро дар кӯчаҳо истифода намебаранд. Онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои паёмрасон эълонҳои ҷолиби кориро бо музди баланди меҳнат паҳн менамоянд. Хусусияти фаромиллӣ ва беном (анонимӣ)-и чунин сохторҳо раванди ошкор ва фош намудани тамоми занҷираи ҷиноятиро барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳоят душвор мегардонад. Дувум, хусусияти фаромарзии ҷиноят мебошад. Занҷираи ҷиноятӣ одатан ба таври фаромарзӣ тарҳрезӣ мешавад: ҷалби қурбонӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта, интиқол тавассути давлати дигар ва истисмори асосӣ дар давлати сеюм амалӣ мегардад. Ин ҳолат ҳамоҳангсозии фаврӣ ва самараноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои гуногунро талаб мекунад. Аммо дар амал бинобар расмиёти мураккаби ҳуҷҷатгузорӣ ва мавҷудияти монеаҳои идорӣ дар сатҳи байналмилалӣ вақти арзишманд аз даст меравад ва ҷинояткорон имкони пинҳон шудан ва канорагирӣ аз ҷавобгариро пайдо менамоянд.

Масъалаи севум: Мушкилоти солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳимояи қурбониён пас аз раҳоӣ. Муқовимат ба савдои одамон танҳо бо ошкор ва боздошт намудани ҷинояткорон анҷом намеёбад. Яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ин раванд барқарорсозӣ ва ҳамгироии иҷтимоии қурбониён баъд аз наҷот мебошад. Дар ин самт низ як қатор мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд доранд. Яке аз масъалаҳои муҳим тарси бадномшавӣ, сарзаниши ҷомеа ва дучор шудан ба осебҳои такрории иҷтимоӣ ва равонӣ мебошад. Шахсоне, ки аз истисмори шаҳвонӣ ё меҳнатӣ раҳо карда мешаванд, аксаран аз тарси аз даст додани обрӯ, эҳсоси шармандагӣ ва сарзаниши атрофиён аз муроҷиат ба мақомоти дахлдор худдорӣ менамоянд. Ин хомӯшӣ ва канорагирии маҷбурӣ на танҳо ба ошкор шудани ҷиноятҳо халал мерасонад, балки боиси он мегардад, ки ҷинояткорон аз ҷавобгарӣ канораҷӯӣ намуда, худи ҷабрдидагон бе дастгирии касбӣ ба буҳронҳои шадиди равонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шаванд.

Мушкилии дигари муҳим норасоии марказҳои махсуси тавонбахшӣ ва паноҳгоҳҳои муҷаҳҳаз барои қурбониёни савдои одамон мебошад. Ҷабрдидагон баъд аз наҷот ба маҷмӯи кумакҳои тиббӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва махсусан равоншиносӣ ниёз доранд. Аммо дар шароити кунунӣ шумораи чунин муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар, кофӣ нест. Ин вазъият раванди барқароршавии ҷисмонӣ ва равонии қурбониён ва бозгашти пурраи онҳоро ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа мушкил ва тӯлонӣ мегардонад.

Барои баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон ва коҳиш додани таъсири омилҳои хавф, татбиқи маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии зерин зарур арзёбӣ мегардад.

1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ. Яке аз сабабҳои асосии қурбонӣ шудани шаҳрвандон сатҳи нокифояи огоҳии ҳуқуқӣ мебошад. Бисёр ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки шахсон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар ҳуқуқу уҳдадориҳои худро намедонанд ва наметавонанд фиребро аз пешниҳоди қонунӣ фарқ намоянд. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, муҳоҷирати бехатар ва амнияти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ аҳамияти махсус дорад. Масалан, агар хонанда ё донишҷӯ пешакӣ омӯзад, ки шартномаи меҳнатӣ бояд кадом маълумотро дар бар гирад ва чӣ гуна ҳаққонияти корфарморо санҷидан мумкин аст, эҳтимоли ба доми қаллобон афтидани ӯ ба маротиб коҳиш меёбад.

2. Ташкили марказҳои машваратии ройгони ҳуқуқӣ. Дар бисёр мавридҳо шаҳрвандон танҳо аз сабаби надоштани имкони гирифтани машварати ҳуқуқӣ ба пешниҳоди шахсони тасодуфӣ бовар мекунанд. Аз ин рӯ, таъсиси марказҳои кумаки ҳуқуқии ройгон, махсусан дар ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, метавонад нақши муҳим бозад. Чунин марказҳо метавонанд пеш аз сафар шартномаҳои меҳнатӣ, даъватномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро санҷида, шаҳрвандонро аз хатари фиреб огоҳ намоянд. Масалан, агар шаҳрванд пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ онро ба мутахассиси ҳуқуқӣ пешниҳод кунад, эҳтимолияти ошкор шудани шартҳои ғайриқонунӣ ё фиребкорона хеле зиёд мегардад.

3. Тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди шуғл Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки камбизоатӣ ва бекорӣ аз омилҳои асосии осебпазирӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамин сабаб, дастгирии иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хурд бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ бошад. Масалан, фароҳам овардани имкони фаъолияти хонагӣ барои занон тавассути рушди ҳунарҳои мардумӣ метавонад онҳоро аз зарурати қабули пешниҳодҳои хавфноки корӣ эмин нигоҳ дорад.

4. Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва ҳимояи қурбониён. Бисёр қурбониёни савдои одамон пеш аз ҷалб шудан ба муҳити зӯроварии хонаводагӣ гирифтор буданд. Аз ин рӯ, пешгирии зӯроварӣ дар оила мустақиман ба пешгирии савдои одамон мусоидат мекунад. Барои ин зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар оилаҳои осебпазир тақвият ёфта, низоми расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ такмил дода шавад, инчунин шумораи паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои ҷабрдидагон афзоиш ёбад. Масалан, агар зане, ки аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебарад, имкони муроҷиат ба паноҳгоҳи амнро дошта бошад, эҳтимоли ба доми фиребгарон афтодани ӯ камтар мешавад.

5. Танзими фаъолияти муассисаҳои фароғатӣ ва барқарорсозии иҷтимоӣ. Баъзе гурӯҳҳои ҷинояткор маҳз тавассути муассисаҳои фароғатӣ барои ҷалби қурбониён шароит фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, пурзӯр намудани назорати ҳуқуқии фаъолияти чунин муассисаҳо аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон, таҳияи барномаҳои давлатии барқарорсозии иҷтимоӣ ва касбӣ барои шахсони осебпазир метавонад онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои ҷинояткор дур нигоҳ дорад.

6. Тақвияти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон. Кӯдакон яке аз гурӯҳҳои осебпазиртарин ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ҷалби кӯдакон ба гадоӣ, меҳнати маҷбурӣ ва дигар шаклҳои истисмор бояд пурзӯр карда шавад. Ҳамзамон, такмили низоми васояту парасторӣ нисбат ба фарзандони муҳоҷирон аҳамияти махсус дорад. Масалан, муайян намудани масъули мушаххаси назорати ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ҳангоми набудани волидайн метавонад хавфи ҷалби ӯро ба истисмор коҳиш диҳад.

7. Омодасозии ҳатмии шаҳрвандон пеш аз муҳоҷират. Пеш аз сафар ба хориҷи кишвар шаҳрванд бояд на танҳо ҳуҷҷатҳои худро омода намояд, балки оид ба ҳуқуқҳои меҳнатӣ, қоидаҳои амният ва роҳҳои гирифтани кумак низ маълумот дошта бошад. Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани омӯзиши ҳатмии пеш аз муҳоҷират ва бақайдгирии расмии шартномаҳои меҳнатӣ дар мақомоти ваколатдор метавонад аз бисёр ҳолатҳои истисмор пешгирӣ намояд.

8. Тақвияти амнияти рақамӣ ва назорат дар фазои интернетӣ. Имрӯз қисми зиёди ҷалби қурбониён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, таъсиси сохторҳои махсуси назоратӣ барои ошкор намудани эълонҳои қаллобона ва саҳифаҳои шубҳанок аҳамияти калон дорад. Масалан, бастани саҳифаҳое, ки ҷойҳои кори бардурӯғ пешниҳод мекунанд, метавонад аз ҷалби даҳҳо шаҳрванд ба доми ҷинояткорон пешгирӣ намояд.

9. Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ. Бо назардошти хусусияти фаромарзии савдои одамон, ҳеҷ давлат наметавонад ба танҳоӣ бо ин ҷиноят мубориза барад. Аз ин рӯ, густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, мубодилаи фаврии иттилоот ва бастани созишномаҳои байнидавлатӣ аҳамияти калидӣ доранд. Масалан, мубодилаи саривақтии маълумот метавонад барои наҷоти қурбонӣ ва боздошти ҷинояткор пеш аз нобуд шудани далелҳо мусоидат намояд.

10. Таъмини махфият ва ҳифзи қурбониён. Тарси бадномшавӣ яке аз сабабҳои асосии ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардани қурбониён мебошад. Аз ин рӯ, қонунгузорӣ бояд ҳифзи пурраи маълумоти шахсии онҳоро кафолат диҳад. Ҳамзамон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа барои пешгирии табъиз ва сарзаниши қурбониён зарур мебошад.

11. Дастгирии ҳамаҷонибаи қурбониёни наҷотёфта. Кумак ба қурбонӣ набояд танҳо ба лаҳзаи наҷот маҳдуд гардад. Барқарор намудани саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ, таъмини ҷойи зист, омӯзиши касб ва мутобиқшавии дубора ба ҷомеа вақт ва дастгирии дарозмуддатро талаб мекунад. Аз ҳамин сабаб, зиёд намудани шумораи марказҳои тавонбахшӣ ва паноҳгоҳҳо, инчунин таъмин намудани кумакҳои ройгони тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Таҳлили масъалаҳои мубрами муқовимат ба савдои одамон нишон медиҳад, ки ин ҷиноят танҳо нақзи ҳуқуқи инсон нест, балки яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти иҷтимоӣ, суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Хусусияти мураккаб ва фаромарзии ин ҷиноят, истифодаи васеи воситаҳои рақамӣ, осебпазирии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ ва мушкилоти марбут ба ҳимоя ва тавонбахшии қурбониён собит менамояд, ки мубориза бо савдои одамон танҳо бо чораҳои ҷазодиҳанда маҳдуд шуда наметавонад.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ба омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маърифатӣ ва ҳуқуқӣ вобаста мебошанд. Камбизоатӣ, бекорӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, муҳоҷирати бенизом, зӯроварии хонаводагӣ ва истифодаи нодурусти имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки барои фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткор замина фароҳам меоранд.

Аз ин рӯ, муқовимати муассир ба савдои одамон татбиқи ҳамзамони чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маърифатиро тақозо менамояд. Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини муҳоҷирати бехатар, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва занон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тавонбахшии қурбониён бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Ба андешаи мо, мубориза бо савдои одамон танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳҳо ё дигар сохторҳои давлатӣ нест. Ин масъулияти муштараки давлат, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат мебошад. Танҳо дар сурати ҳамоҳанг гардидани кӯшишҳои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавон сатҳи ин ҷиноятро коҳиш дода, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз намуд.

Мо ҳамчун муҳаққиқони ҷавон бар он назарем, ки ҷомеаи воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҷомеаест, ки дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб ёфта, қадр, шараф, номус, озодӣ ва ҳуқуқҳои ӯ аз ҳар гуна шакли истисмор, таҳқир ва хариду фурӯш эмин нигоҳ дошта мешаванд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар пешгирии ин зуҳуроти хатарнок саҳми худро гузорад ва нисбат ба сарнавишти инсонҳо бетараф набошад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон – уҳдадории мост, таъмини фардои бехатар – ҳадафи мост.

Раҷабова Фотима Шовалиевна — докторанти (PhD)-и соли 1 – уми кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Абдуҷаборзода Амирҳамза Абдуваҳҳоб — унвонҷӯи соли 1 – уми кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон