НАШЪАМАНДӢ ҲАМЧУН ҲОЛАТИ ВОБАСТАГӢ

10

Пеш аз он ки ҷомеа як ҷавонро ҳамчун “ҷинояткор” пазироӣ намуда ва рад кунад, он ҷавон аз як раванди тӯлонии деформатсияи психикӣ мегузарад. Ҳеҷ кас якбора ҷинояткор ва нашъаманд шуда наметавонад. Ин роҳ аз қадамҳои хеле хурд оғоз мешавад:

Қадами аввал – шикастани меъёрҳои ахлоқӣ: ҳама чиз аз як кунҷковии оддӣ, масалан, аз сигоркашии пинҳонӣ ё рафторҳои хурди зидди ахлоқӣ оғоз меёбад. Дар ин марҳала ҷавон ҳанӯз дар ҷомеа ҳамчун як инсони оддӣ пазируфта мешавад, аммо дар дохили рӯҳи ӯ аллакай унсури “вобастагӣ” ва гурез ё халосӣ аз воқеият шакл мегирад;

Қадами дуюм – содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо: вақте ки вобастагӣ (хоҳ ба сигор, хоҳ ба қимор ё маводи мухаддири сабук) бештар мешавад, меъёрҳои ахлоқии дохилӣ заиф мегарданд. Ҷавон ба хатоҳои аввалини ҳуқуқӣ (дуздии хурд дар оила, авбошӣ) даст мезанад;

Қадами сеюм – нашъамандӣ ва ҷинояти такрорӣ: нашъамандӣ одамро ба ҳолати вобастагии комили рӯҳиву ҷиноӣ меорад. Барои пайдо кардани мавод шуури ӯ тира мешавад. Дар ин лаҳза, ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҷиноятҳои такрорӣ ва вазнин табдил меёбанд.

Маҳз дар ҳамин марҳалаи охир ҷомеа бедор мешавад ва ӯро ҳамчун “ҷинояткор” эътироф мекунад. Аммо ин усул мисли мубориза бо оқибати беморӣ аст, на бо сабаби он.

Мақсади асосии қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷазо додан балки, пешгирӣ (профилактика) ва ислоҳи шахси маҳкумшуда мебошад. Мо бояд муайян кунем, ки чаро маҳз ин ҷавон ба ин варта гирифтор шуд? Дар дохили рӯҳу равони ӯ чӣ мегузашт, ки ӯ паноҳгоҳро дар вобастагӣ (аз сигор то нашъамандӣ) ҷуст?

Барои дарки пурраи ин мушкил, мо бояд мафҳуми вобастагиро аз нигоҳи илми психология омӯзем.

Аз дидгоҳи психологӣ, агар бо забони содда гӯем, вобастагӣ (аддиксия) – ин як усули гурез аз воқеият тавассути тағйир додани ҳолати рӯҳиву равонии худ мебошад. Ин як механизми мудофиавиест, ки дар аввал ба инсон кӯмак мекунад, то бо дард, стресс ё дигар эҳсосоти ногувор мубориза барад. Аммо бо гузашти вақт, ин механизм ба зидди худи инсон ба кор медарояд. Фарқияти калидии вобастагӣ аз як одати оддӣ – ин гум кардани назорат аст. Агар инсони дорои одати оддӣ тавонад рафтори худро бо хоҳишу шуури худ тағйир диҳад, пас шахси вобаста ин қобилиятро комилан аз даст медиҳад. Рафтори ӯ ба як амали автоматӣ ва маҷбурӣ табдил меёбад. Муайян ва шинохтани вобастагиро чанд нишонаи хос метавонад ба мо фаҳмонад. Аммо қайд кардан муҳим аст, ки мавҷуд будани як ё ду нишона ҳанӯз маънои мавҷудияти вобастагии пурраро надорад. Вобастагӣ – ин як ҳолати маҷмӯӣ (комплексӣ) аст, ки танҳо ҳангоми мавҷуд будани чанд меъёр дар давоми як муддати муайян ташхис карда мешавад. Бо вуҷуди ин, пайдо шудани ҳатто як қисми ин нишонаҳо бояд як бонг ё сигнали ҳушдор барои таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба рафтори худ гардад:

1. Андешаҳои маҷбурӣ: Ҳамаи фикри инсон комилан ба як чиз банд мешавад. Вай мудом роҷеъ ба мавод, бозӣ ё рафтори вобастакунанда фикр мекунад ва ин фикрҳоро аз каллааш дур карда наметавонад.

2. Гум кардани назорат: Инсон дигар наметавонад вақти оғоз, анҷом ва миқдори истифодаи мавод ё рафтори худро идора кунад. Масалан, нақша мекашад, ки танҳо як соат бозӣ мекунад, аммо шабонарӯзро дар он мегузаронад.

3. Таҳаммулпазирӣ: Барои расидан ба он эҳсоси аввалаи таскин ё лаззат, миқдори мавод ё вақти рафтори вобастакунанда бояд мудоми зиёд карда шавад. Одати пешина дигар қонеъкунанда нест.

4. Синдроми хуморӣ: Ҳангоми даст кашидан ё қатъ кардани рафтори вобастакунанда, инсон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати психикӣ азоб мекашад (асабоният, афсурдагӣ, дарди ҷисм, бехобӣ пайдо мешавад).

5. Идома додан баъд аз дидани оқибатҳои бад: Инсон мебинад, ки ин одат ҳаёти ӯро вайрон карда истодааст (саломатиаш бад мешавад, аз кор ё донишгоҳ озод мешавад, қарздор мегардад, муносибаташ бо оила вайрон мешавад), аммо бо вуҷуди ҳамаи ин оқибатҳои талх, боз ҳам рафторашро давом медиҳад.

Вақте ки мо дар бораи вобастагӣ соатҳо баҳс мекунем, майнаи мо фавран ба сӯи маводи мухаддир меравад. Аммо илми психологияи муосир исбот мекунад, ки вобастагӣ (аддиксия) як уқёнуси калонест, ки ду соҳил дорад: вобастагии кимиёвӣ ва вобастагии рафторӣ.

1. Вобастагиҳои кимиёвӣ. Ин намуди вобастагӣ дар натиҷаи истеъмоли мунтазами моддаҳои психоактивӣ ба вуҷуд меояд. Ин моддаҳо мустақиман ба нейрохимияи майнаи сар, махсусан ба системаи дофамин (ҳормони лаззат) таъсир расонида, табиати онро вайрон мекунанд, ба монанди алкоголизм (вобастагӣ аз машрубот), наркомания (нашъамандӣ), никотиномания (вобастагӣ аз сигор), токсикомания (вобастагии доруворӣ);

2. Вобастагиҳои рафторӣ. Имрӯз технологияҳои муосир дар байни ҷавонон намудҳои нави вобастагиро ба вуҷуд овардаанд, ки ба майнаи сар таъсири баробар ба маводи мухаддирро доранд, ба монанди лудомания (қиморбозии компютерӣ ва пулӣ), интернет-аддиксия (вобастагӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ), булимия ва анорексия (вобастагии хӯрокхӯрӣ).

Дигар намудҳои вобастагии рафторӣ дар ҷомеаи муосир ҷой доранд, ба монанди шопоголизм: хариди беҳудаи чизҳо барои баланд бардоштани кайфият ва гурез аз депрессия; трудоголизм: кордӯстии маҷбурӣ ва натавонистани истироҳат. Ҷомеа инро таъриф мекунад, аммо ин вобастагӣ оила ва саломатиро вайрон мекунад; вобастагии ишқӣ ва шаҳвонӣ: ниёзи маҷбурӣ ба муносибатҳои романтикӣ, иваз кардани тез-тези ҳамроҳон ва вобастагии патологӣ аз порнография; ургентна аддиксия (вобастагӣ аз шитобкориҳо): инсон корҳоро ба лаҳзаи охирин мегузорад, то дар дақиқаҳои охир аз тарси дермондан “адреналин” гирад; аддиксияи канораҷӯӣ: гурез аз масъулият ва воқеият тавассути хоби зиёд ё ғарқ шудан дар хаёлҳо.

Вақте ки мо ҳолати рӯҳиву равонии шахси вобастаро меомӯзем, унсурҳои зеринро мебинем:

1. Унсури аввал ин тарси ботинӣ ва изтироб аст: Ҷавон наметавонад бо мушкилоти ҳаёт, фишори оила ё ҷомеа мустақил мубориза барад.

2. Унсури дуввум бошад ин ҷустуҷӯи таскини вақтӣ: Сигор, қимор ва маводи мухаддир – инҳо танҳо асбоби хомӯш кардани дарди психикӣ мебошанд.

Агар мо хоҳем, ки пеши ҷинояткории ҷавононро гирем, мо бояд ба онҳо на танҳо бо чашми қонун ва зӯрӣ, балки бо дидгоҳи психологӣ назар кунем. Пешгирии ҷиноят аз лаҳзае оғоз мешавад, ки мо ба ҷавони сигоркаш ё изтиробдор кӯмак мекунем, то ӯ ба марҳалаи нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ қадам нагузорад.

Тазаккур бояд дод, ки дар байни тамоми асбобҳои хомӯш кардани дарди психикӣ, ягон чизи дигар мисли маводи мухаддир инсонро зуд ва бераҳмона ба зиндони худ намеандозад. Маҳз дар ҳамин нукта мо ба даҳшатбортарин шакли вобастагӣ – нашъамандӣ (наркомания) дучор мешавем, ки рӯҳияти ҷавонро қадам ба қадам ба нестӣ мебарад.

Маводи мухаддир моддаҳои кимиёвие мебошанд, ки мустақиман ба системаи марказии асаб таъсир расонида, вобастагии шадиди ҷисмонӣ ва рӯҳиро ба вуҷуд меоранд. Тарзи истеъмоли онҳо гуногун аст (ҳабҳо, сӯзандору, кашидан ё бӯ кашидан), аммо оқибаташон як аст.

Наркомания беморӣ ба маънои классикии он нест. Ин як маҷмӯи вайроншавиҳои амиқи патологӣ дар организм аст, ки дарки воқеиятро дигар мекунад, шахсиятро аз дарун мехӯрад ва муҳити муоширати инсонро комилан дигар месозад. Агар ба чунин шахс дар вақташ кӯмаки касбӣ нарасад, ин вобастагӣ устувор ва бебозгашт ба марг меорад.

Ҳеҷ кас бо ҳадафи нашъаманд шудан қадами аввалро намегузорад. Сабабҳои аввалин бор санҷидани мавод аксар вақт инҳоянд: гурез аз мушкилот; барқарорсозии сохтаи энергия; дилхушӣ ва фароғат; кунҷковӣ; исботи “калонсолӣ” ва ҷасорат; таъсири трендҳо ва тарғибот.

Ташаккули вобастагӣ аз се марҳалаи бераҳмона мегузарад. Ҳар қадар мушкил тезтар дарк шавад, ҳамон қадар имкони наҷот бештар аст:

– Вобастагии психикӣ. Пас аз дозаи аввал, майна эҳсоси таскинро эътироф мекунад ва хоҳиши дубора ҳис кардани онро пайдо менамояд. Ба ҷавон чунин менамояд, ки ҳама чиз зери назорати худи уст ва ин интихоби озоди ӯст. Аммо ин иллюзия аст: мавод аллакай ба шуури ӯ фармон медиҳад. Агар дар ин марҳала мавод қатъ карда шавад, инсон дучори афсурдагии шадид (депрессия), хастагии эмотсионалӣ, бехобӣ ва таҷовузи (агрессияи) бесабаб мегардад.

– Вобастагии ҷисмонӣ. Ҳангоми истеъмоли мунтазам, моддаҳои кимиёвӣ ба мубодилаи моддаҳои организм устувор мепайванданд. Майна бе мавод дигар кор карда наметавонад. Агар доза дер кунад, синдроми хуморӣ (абстиненция) оғоз меёбад: тахикардия (тез задани дил), ларзиши бадан (тремор), дарди тоқатнопазири мушакҳо ва устухонҳо, бехобии устувор ва вайроншавии шадиди равонӣ.

– Таҳаммулпазирӣ ва суқути шахсият. Истеъмоли тӯлонӣ майнаро камҳис мекунад. Маводи мухаддир дигар он кайфияти авваларо намедиҳад, аммо хумори он даҳшатноктар мешавад ва ба “ломка” табдил меёбад. Эҳсоси бесоҳибӣ ва ноумидӣ ҷавонро ба сӯи худкушӣ (суицид) тела медиҳад.

Барои он ки муносибати ҳуқуқии давлатро ба ин мушкил дарк кунем, зарур аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” (аз 10.12.1999, №873) назар андозем. Дар ин қонун мафҳуми нашъамандӣ чунин муайян шудааст: “нашъамандӣ” – бемориест, ки аз заҳролудшавии пайвастаи организм дар натиҷаи сӯиистеъмоли воситаҳои нашъадор ба вуҷуд омада, ба вобастагии рӯҳию ҷисмонӣ аз онҳо тавсиф мешавад. Аммо қонун кадом маводҳоро дар назар дорад? Онҳое, ки дар Конвенсияҳои байналмилалӣ ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд. Конвенсияҳои байналмилалии маводи мухаддир: Инҳо се ҳуҷҷати асосии ҷаҳонии СММ (соли 1961, 1971 ва 1988) мебошанд, ки тамоми давлатҳоро вазифадор мекунанд, то гардиши маводи мухаддирро зери назорати шадид гиранд ва танҳо барои мақсадҳои тиббӣ истифода баранд. Тоҷикистон низ ин ҳуҷҷатҳоро эътироф кардааст. Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, № 121 тасдиқ шудааст. Ин рӯйхат танҳо як матни оддӣ нест – ин санади асосии ҳуқуқӣ ва тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва соҳаи тиб (дорухонаҳо, беморхонаҳо) фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ мемонанд. Рӯйхат ба 3 гурӯҳи асосии моддаҳо тақсим мешавад, ки ҳар кадоми онҳо хусусият ва таъйиноти худро доранд:

1. Воситаҳои нашъадор. Моддаҳои пайдоишашон табиӣ (растании кӯкнор, афюн, бангдона, кока) ё синтетикӣ (героин, фентанил, метадон), ки ба системаи марказии асаб таъсири сахт расонида, дардро умуман нест мекунанд ва вобастагии шадиди ҷисмониву равонӣ (нашъамандӣ) ба вуҷуд меоранд.

2. Моддаҳои психотропӣ. Моддаҳое, ки бевосита ба фаъолияти рӯҳии инсон (афкор, эҳсосот, рафтор) таъсир мерасонанд. Инҳо метавонанд ҳабҳои хобкунанда, оромбахшҳои сахт, антидепрессантҳо ё маводи нашъадори синтетикии нав ба мисли “спайсҳо”, “намак” (алфа-PVP), ЛСД ва экстази бошанд. Онҳо метавонанд боиси багӯшрасӣ ва бачашмрасӣ (галлюцинация) ва халалдоршавии равонӣ гарданд.

3. Прекурсорҳо. Инҳо худашон маводи нашъадор ё психотропӣ нестанд. Инҳо моддаҳои кимиёвӣ, кислотаҳо ва ҳалкунандаҳое мебошанд (масалан, ангидриди сирко, кислотаи сулфат, перманганати калий ё “марганцовка”, ацетон), ки дар саноат ва тиб қонунӣ истифода мешаванд, аммо аз онҳо барои сохтан ва коркарди героин, кокаин ё амфетаминҳо истифода бурдан мумкин аст. Аз ин рӯ, давлат гардиши онҳоро низ зери назорати қатъӣ мегирад, то ба дасти лабораторияҳои пинҳонӣ наафтанд.

Рӯйхат нишон медиҳад, ки кадом моддаҳоро дар Тоҷикистон умуман истифода бурдан манъ аст (ба мисли героин, ҳашиш, спайс) ва кадом моддаҳоро танҳо дар соҳаи тиб бо иҷозатномаи махсус (литсензия) истифода бурдан мумкин аст (ба мисли морфин барои беморони саратон ё фенобарбитал). Вақте ки кормандони мақомот касеро бо маводи шубҳанок дастгир мекунанд, онҳо маводро ба экспертиза месупоранд. Экспертҳо ба ҳамин Рӯйхат нигоҳ мекунанд. Агар номи он модда дар ин Рӯйхат бошад, ин асос мешавад, ки нисбати он шахс парвандаи ҷиноӣ (барои қочоқ ё фурӯши маводи нашъадор) кушода шавад. Агар номи модда дар ин ҷо набошад, ҷавобгарии ҷиноӣ ба миён намеояд. Ҳуҷҷат ба Вазорати тандурустӣ имкон медиҳад, ки меъёри дақиқи доруҳои карахткунандаро дар беморхонаҳо назорат кунад, то ин доруҳо ба бозори сиёҳ гузашта нараванд.

Дар ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон як нуктаи бисёр муҳим ва башардӯстона вуҷуд дорад: худи ҳолати нашъамандӣ ва истеъмоли маводи мухаддир ҷиноят ҳисоб намеёбад. Агар ҷавоне маводи мухаддир истеъмол кунад, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба зиндон намекашад, балки қонунгузорӣ ба ӯ ҳамчун ба як бемор назар мекунад, ки ба табобат ва кӯмаки тиббиву психологӣ ниёз дорад. Ҷиноят ин – дастрас кардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва фурӯши (муомилоти ғайриқонунии) мавод аст, на бемор будани инсон.

Дар стратегияҳои муосири зиддимухаддиротии ҷаҳонӣ ду равиши асосӣ ба назар мерасад: сиёсати либералӣ (декриминализатсия) ва сиёсати репрессивӣ ё “таҳаммули сифрӣ” (Zero Tolerance). Мувофиқи гузоришҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҷрибаи кишварҳое, ки модели дуюми сиёсатро пеш гирифтаанд, вобаста ба хусусиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии онҳо натиҷаҳои мухталиф додааст.

Як қатор давлатҳои ҷаҳон то ҳол нисбат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва истеъмоли онҳо мавқеи ниҳоят сахтро нигоҳ медоранд, ба монанди Сингапур ва Малайзия: қонунгузории ин кишварҳо яке аз сахттаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Истеъмоли маводи мухаддир ё ҳатто мавҷуд будани изи он дар таҳлили хуни инсон ҷинояти вазнин эътироф мегардад. Чораҳои ҷазодиҳӣ на танҳо маҳкумият ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон, балки татбиқи ҷазоҳои ҷисмонии сунатиро (аз ҷумла бо чӯб задан) – ро низ дар бар мегиранд. Мақомоти ин давлатҳо самаранокии ин усулро бо паст будани сатҳи умумии ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ асоснок мекунанд. Арабистони Саудӣ ва Эрон: Дар ин кишварҳо сиёсати зиддимухаддиротӣ дар асоси меъёрҳои қатъии динӣ ва ҳуқуқии давлатӣ устувор аст. Нигоҳ доштан ва истеъмоли ҳатто миқдори ночизи маводи мухаддир метавонад боиси боздошти ҷиноӣ, ҷазоҳои вазнини ҷисмонӣ ва маҳрумият аз озодӣ гардад, дар ҳоле ки барои қочоқ ва паҳнкунии он ҷазои қатл пешбинӣ шудааст.

Омӯзиши таҷрибаи таърихии кишварҳои ғарбӣ, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар даҳсолаҳои охири асри ХХ, ҷанбаҳои дигари сиёсати “таҳаммули сифрӣ” – ро ошкор месозад. Маъракаи густурдаи “Ҷанг зидди наркотикҳо”, ки дар ИМА эълон шуда буд, ба криминализатсияи куллии истеъмолкунандагон нигаронида шуд. Аммо, таҳлилҳои баъдии институтҳои илмӣ ва байналмилалӣ нишон доданд, ки ин сиёсат ба ҳадафҳои худ нарасид ва бо нокомӣ анҷом ёфт, ба мисли бӯҳрони низоми пенитенсиарӣ (зиндонҳо): сатҳи ҳабси оммавӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, зиндонҳо аз ҷавонони гирифтори вобастагӣ, ки бештар ба кӯмаки тиббӣ-психологӣ ниёз доштанд, пур шуданд; оқибатҳои манфии иҷтимоӣ ва тиббӣ: сиёсати репрессивӣ на танҳо сатҳи нашъамандиро коҳиш надод, балки бозорҳои сиёҳро криминалитар кард. Тарси истеъмолкунандагон аз боздошт ва ҷазои ҷиноӣ боиси пинҳонкории бештар, паҳншавии бемориҳои сироятӣ (ба монанди ВИЧ ва гепатит) ва афзоиши фавт аз меъёри зиёди истеъмол гардид, зеро беморон аз муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ худдорӣ мекарданд.

Таҳлили муқоисавии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки модели “таҳаммули сифрӣ” дар кишварҳои дорои сохтори хоси сиёсӣ ва фарҳангӣ (Сингапур, кишварҳои Шарқи Наздик) ҳамчун воситаи назорат кор медиҳад, вале дар ҷомеаҳои кушодаи ғарбӣ боиси бӯҳронҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардид. Маҳз ҳамин таҷрибаи нокоми ИМА ва хулосаҳои созмонҳои соҳавии СММ боис шуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бештар ба самти модели “коҳиши зарар”, декриминализатсияи қисмӣ ва баррасӣ намудани вобастагӣ на ҳамчун ҷиноят, балки ҳамчун як бӯҳрони соҳаи тандурустии умумӣ гузариш кунад.

Имрӯз аксари кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Тоҷикистон, ба хулосае омаданд, ки зӯрӣ ва ҷазо додани худи бемор мушкилро ҳал намекунад.

Ҳарчанд мо нашъамандиро дар Тоҷикистон ҳамчун омили асосии сарзадани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон арзёбӣ мекунем, муносибати мо ба худи шахси вобаста бояд тиббӣ ва психологӣ бошад. Нашъамандӣ ҷавонро ба дуздӣ ва ғоратгарӣ тела медиҳад, аммо решаи ин таҷовузи беруна дар дарди ботинӣ ва деформатсияи рӯҳии ӯст.

Роҳи наҷот ва халосӣ аз ин падидаи номатлуби ҷомеаи муосирро мо дар гузаштан аз сиёсати ҷазодиҳӣ ба сиёсати табобат ва солимгардонӣ мебинем. Наҷоти ҷомеа аз ҷинояткорӣ на дар сохтани зиндонҳои нав, балки дар таъсиси марказҳои психологӣ, кӯмаки саривақтӣ ба ҷавонони изтиробдор ва барқарор кардани рӯҳияти харобшудаи онҳо аст. Пешгирии ҷиноят маҳз аз ҳамин лаҳзаи шифои психикӣ оғоз меёбад.

ФОТИМА РАҶАБОВА, докторанти (Ph.D)-и соли 1-уми кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

ОМИНАИ БАҲРИДДИН, докторанти (Ph.D)-и соли 1-уми ихтисоси психологияи ДМТ