ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.
Дар шароити ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин густариши арзишҳои волои ҳуқуқӣ, аз қабили инсондӯстӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи калидӣ касб намудааст. Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ба таъмин ва ҳифзи онҳо равона карда шудааст.
Дар ин замина, татбиқи падидаҳои ҳуқуқие, ки ба таҳкими адолати иҷтимоӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва вусъати бештар касб намудани арзишҳои башардӯстона мусоидат мекунад, аҳамияти махсус пайдо менамоянд. Яке аз чунин институтҳои муҳими ҳуқуқӣ падидаи авф ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун зуҳуроти сиёсати инсонмеҳваронаи давлат барои фароҳам овардани имконияти баргардондани гурӯҳи шахсони ҷиноятсодиркарда ба ҳаёти муқаррарӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа, инчунин татбиқи принсипи инсондӯстӣ нақши мондагор дорад.
Мусаллам аст, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 қабул гардид.
Даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ то қабули ин қонун 17 маротиба санадҳои марбут ба авф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Инак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли равон 18-умин санаде ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои дар амал татбиқ намудани принсипи инсондӯстӣ ба имзо расид.
Ҳанӯз аз солҳои аввали интихоб гардидан ба ҳайси Сарвари давлат ташаббусҳои созандаву инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат эҳсос мегардад. Аз ҷумла, расидан ба Ваҳдати миллӣ, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан, барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ, авф ва бахшиши шахсони ҷиноятсодиркарда далели гуфтаҳои болост. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадааст, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ Президенти ҷумҳурӣмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои башардӯстона дар самтҳои гуногун маҳбубияти хосса пайдо намуда, пешниҳоди навбатии Сарвари давлат дар хусуси қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамчун иқдомоти шоиста ва беназир маҳсуб мегардад.
Шахсияти Роҳбари давлат албатта дар дохили мамлакат дар сатҳи миллӣ бо иқдомоти наҷибу созандаи бешумор мондагор арзёбӣ гардида, ин навбат бо пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки татбиқи амалии он нисбати 18038 нафар шахсони содирнамудаи ҷиноят равона гардидааст.
Моҳиятан дар асоси муқаррароти меъёрҳои ин қонун гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд ва ё барои бархе аз онҳо муҳлати ҷазо кам карда мешавад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар натиҷаи татбиқи моддаҳои 1-5 тақрибан 11305 нафар, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудагон мебошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод карда мешаванд.
Мутобиқи меъёрҳои конститутсионӣ модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Вобаста ба ин, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза нисбат ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ғамхории хосса зоҳир менамоянд. Бо назардошти чунин ғамхориҳо нисбати занон ва ноболиғон дар моддаҳои 1, 5, 8 ва 9 ин қонун бартариҳо пешбинӣ шудааст.
Вижагиҳои дигари қонун дар он ифода меёбад, ки мутобиқи он шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 212 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъйиншуда, ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 7 ва 8 ин қонун пешбинишударо содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ин қонун фарогири масъалаи кам кардани муҳлати адои ҷазои ҷиноятӣ ва озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ буда, ҳатто дарбаргирандаи ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ, махсусан, маблағгузории терроризм ва амсоли чунин ҷиноятҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, бо татбиқи моддаҳои 6 ва 9 ин қонун муҳлати ҷазои адонагардидаи 6733 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад. Дар баробари ин, қонун маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо асосан нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин маҳкум шудаанд, дахл дорад.
Шахсони тибқи ин қонун авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод карда намешаванд. Ин қонун доғи судии шахсонеро, ки то қабули ҳамин қонун ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд, мебардорад.
Моҳияти чунин санадҳо дар он ифода меёбад, ки давлат дар баробари татбиқи принсипи ногузирии ҷавобгарӣ, ҳамзамон арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро низ эътироф намуда, барои шахсони ба ислоҳшавӣ қодир бори дигар имконияти ба ҳаёти осоиштаи ҷамъиятӣ бозгаштанро фароҳам месозад.
Аз ин лиҳоз, авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассуми иродаи сиёсӣ, инсондӯстӣ ва башардӯстонаи давлат буда, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Дар пайванд ба ин нуктаҳо, ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки авфи маҳкумшудагон ва шахсони дигар (гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва маҳкумшавандагон) ба тақвияти давлати ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонад, зеро он нишон медиҳад, ки низоми адолат ва меҳвари инсондӯстӣ дар он побарҷой буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ доранд. Ҳамчунин ин иқдом боварии шаҳрвандонро ба Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат тақвият мебахшад.
Дар ин маврид, инсонмеҳварии сиёсати давлатӣ дар он ифода меёбад, ки давлат ҳангоми татбиқи ҳокимияти худ на танҳо ба ҷазо ва маҳдудият, балки ба ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манфиатҳои қонунии инсон низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Маҳз дар ҳамин замина падидаи авф яке аз воситаҳои амалигардонии сиёсати инсондӯстона баромад мекунад.
Ба ғайр аз ин, авф ё бахшиши гуноҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат нисбат ба шахсе, ки ҷиноят содир кардаанд, танҳо аз мавқеи муҷозотдиҳӣ муносибат намекунад, балки имконияти ислоҳшавӣ, пушаймонӣ аз кирдор ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарии ҷамъиятиро низ эътироф менамояд. Ин муносибат дар як навбат аз принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзиши олӣ будани инсон сарчашма мегирад ва дар навбати дигар ба татбиқи амалии он равона карда мешавад.
Шоистаи зикр аст, ки авфу бахшиш барои рушди ҷомеа таъсир расонида, ба пешравӣ ва таҳкими волоияти қонун мусоидат менамояд. Дар ин замина, авф на танҳо чун воситаи адолат, балки василаи эҷоди ҷомеаи инсондӯстона ва башардӯстона низ пазироӣ мегардад.
Таҷрибаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки ташаббуси қабули қонунҳои авф одатан бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ, чунин санадҳо ҳамчун инъикоси иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ, ҳамгироии шаҳрвандон ва густариши арзишҳои башардӯстона арзёбӣ карда мешаванд. Авф нишон медиҳад, ки давлат дар баробари таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ба тақдири инсон, оила ва ҷомеа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Аз адои ҷазо озод гардидани маҳкумшудагон ва ба оғӯши гарми оилаву пайвандон баргаштани онҳо, бешубҳа, яке аз рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмон дар зиндагии онҳо маҳсуб меёбад. Ин иқдоми башардӯстона ба ҳазорҳо шаҳрвандон имконият медиҳад, ки саҳифаи нави зиндагии худро дар фазои ваҳдат, сулҳу субот ва оромии ҷумҳурӣ оғоз намоянд. Дар баробари ин, авф на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти маънавиро низ ба зиммаи шахсони озодшуда мегузорад. Масалан, онҳоро мебояд аз ин эътимоди шоистаи давлат ва ҷомеа самаранок истифода намуда, роҳи зиндагии осоиштаро интихоб намоянд, ба арзишҳои волои инсонӣ, назму субот ва тартиботи ҳуқуқӣ арҷ гузоранд, барои бунёди оилаи солим ва таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, интихоби касб ва амсоли инҳо саъю талош варзанд, бо меҳнати ҳалол дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд ва аз ҳар гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худдорӣ намоянд. Маҳз муносибати ба масъулият асосёфта метавонад, ба чунин имконияти муҳайёгардида, инчунин таҳкими мавқеи иҷтимоии онҳо, афзоиши фарҳанги ҳуқуқӣ ва густариши эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон шахсоне, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муҳлати адои ҷазояшон кам карда шудааст, бояд ин иқдоми муҳими давлатро ҳамчун нишонаи эътимод, инсондӯстӣ ва ғамхории давлат нисбат ба тақдири худ арзёбӣ намоянд. Барои онҳо дар чунин шароит кам гардидани муҳлати ҷазо на танҳо сабукӣ дар вазъи ҳуқуқӣ, балки имконияти иловагӣ барои баҳогузории рафтор, таҳкими иродаи ислоҳшавӣ ва омодагӣ ба зиндагии минбаъда мебошад.
Аз ин лиҳоз, чунин шахсон метавонанд орзу дошта бошанд, ки ҳарчи зудтар ба назди наздикону пайвандони худ баргашта, ҳамчун шаҳрвандони бовиҷдон дар пешрафту ободии Ватани маҳбуб саҳм гузоранд, фарзандони худро дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, созандагиву бунёдкорӣ тарбия намоянд ва бо пайкори созанда зиндагии шоистаро бунёд созанд. Чунки дарвоқеъ, ҳар як рӯзи аз муҳлати ҷазо камгардида барои чунин шахсон бояд ҳамчун неъмати гаронбаҳо ва имконияти нав барои созандагӣ, худтакмилдиҳӣ ва омода шудан ба ҳаёти озоду мустақил арзёбӣ гардад. Маҳз ҳамин гуна муносибат метавонад, моҳияти аслии авфро, ки ба эътимод ба инсон ва қобилияти ислоҳшавии ӯ асос ёфтааст, пурра таҷассум намояд.
Бо шукргузорӣ аз фазои амни ҷумҳурӣ, имрӯзҳо аз пайки накӯи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аҳли оила ва пайвандони шахсони маҳкумбуда, инчунин тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳоливу хурсандӣ менамоянд. Дар паҳлуи ин бори дигар ин иқдоми нек дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешак аз шахсияти бахшанда, инсондӯст ва меҳрубону шафиқи халқ будани Пешвои маҳбуби мамлакат дарак медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ба сӯйи рушди устувор қадам мегузорад, ҳар як шаҳрванди бонангу номус вазифадор аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад. Маҳз бо чунин ниятҳои нек, шахсони аз ҷавобгарӣ ва адои ҷазо озодшуда низ бояд ин фурсати нодирро ҳамчун оғози марҳилаи нави зиндагӣ қабул намуда, бо афкори оқилона, рафтори намунавӣ, эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва қонуният, инчунин меҳнати софдилонаву созанда ба ҷомеа собит созад, ки онҳо ба боварии давлат сазовор мебошанд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳадафи татбиқи амалии авф ин сиёсати инсонмеҳваронаи давлат бошад ҳам, ҷанбаи дигари он дар эътимоди давлат ба қобилияти ислоҳшавии инсон ифода мегардад.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








