АЗ ЭҲЁИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

10

Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол ва давлатдории миллӣ аз мафҳумҳои бунёдии сиёсию иҷтимоӣ ба шумор рафта, барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва миллат аз аҳаммияти махсуси ҳаётӣ бархӯрдор мебошанд. Дар ҷаҳони муосир ва дар шароити бархӯрди манфиатҳои геосиёсӣ танҳо дар давлатҳое, ки Истиқлоли комил ва суботи сартосарӣ доранд, пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба мушоҳида мерасад. Ин гуна давлатҳо сиёсати мустақилона пеш мебаранд, иқтисодиёти худро пайгирона рушд медиҳанд, муносибатҳои байналмилалиро дар сатҳи баробар ба роҳ мемонанд ва амнияту суботи шаҳрвандонашонро кафолат медиҳанд. Бояд таъкид намуд, ки ташаккули чунин як давлати мустақил ва рушдёбанда бидуни як омили асосӣ ва ҳалкунанда – Ваҳдати миллӣ комилан ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ ин ба ҳам омадани тамоми қишрҳои ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва якдилии шаҳрвандон дар роҳи ҳифзи манфиатҳои олии давлат ва миллат мебошад. Асоси ваҳдатро эҳсоси ягонагии сарнавишт, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва талоши муштарак барои ободии Ватан ташкил медиҳад.

Агар ба таърихи навини кишварамон назар афканем, баръало мебинем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлолро дар шароите таҷриба кард, ки кишварро буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ин раванди гузариш кори осон набуд. Тоҷикистони азиз 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд, аммо аз рӯзҳои аввали ин дастоварди бузурги таърихӣ ба як гирдоб ғӯтавар гардида, дар ҳолати вазъи мураккабии сиёсӣ қарор гирифт. Ба як сухан метавон гуфт, ки дар он рӯзҳои даҳшатбор умед ба фардои зиндагӣ қариб, ки вуҷуд надошт ва Истиқлол чун як рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон зери хатари ҷиддии маҳвшавӣ қарор дошт.

Дар чунин як марҳилаи ниҳоят ҳассос ва тақдирсоз, барои наҷоти миллат, пешгирии парокандагӣ ва таъмини Ваҳдати сартосарӣ шахсияте бо иродаи шикастнопазир ва қалби саршор аз муҳаббати Ватан лозим буд. Тақозои таърих ва хости мардуми шарифи тоҷик буд, ки шахсияте аз миёни худи халқ ба саҳнаи сиёсат омада, нақши муттаҳидсозандаи миллатро бар дӯш гирад. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, нуқтаи гардише дар сарнавишти миллати тоҷик буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифатҳои олии роҳбарӣ, ҷасорати бемисл ва хиради воқеиятбин ба майдон омада, масъулияти бузурги таъмини Ваҳдати миллиро ба дӯш гирифтанд. Фаъолияти худро ҳамчун Раиси Шурои Олӣ Сарвари ҷавони давлат бо суханони умедбахш ва барномавии «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард» ва «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам» шуруъ намуданд. Ин калом на танҳо баёнгари масъулияти шахсӣ, балки кафили эҳёи дубораи давлатдории тоҷикон ва рамзи оғози даврони Ваҳдат гардид.

Барои расидан ба Ваҳдати комил Роҳбари давлат зарурати оштии миллиро ҳамчун омили асосии сарҷамъӣ пеш гузоштанд. Маҳз тавассути ҳамин дидгоҳи васеъ ва фарогир, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, Тоҷикистон тавонист тамоми қишрҳои ҷомеаро ба як низоми ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ пайванд созад. Таърихи музокироти тоҷикон, ки бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфт, як мактаби беназири дипломатия ва давлатсозӣ маҳсуб меёбад, ки ҳадафи ниҳоии он танҳо ва танҳо расидан ба Ваҳдати миллӣ буд. Роҳи сулҳофарии Сарвари давлат пас аз тай кардани марҳилаҳои ниҳоят мураккаб рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайян шуд ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тақвими таърихии кишвар ворид гардид.

Бо барқарор шудани сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, марҳилаи нави давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун оғоз гардид. Аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ, бузургтарин дастоварди ин давра, ки маҳз дар фазои ягонагӣ ва ваҳдат имконпазир шуд, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 буд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз асосҳои ҳуқуқии давлат, сохтори ҳокимият ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян намуда, ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи маҳкам гузошт. Дар заминаи ин санади олии ҳуқуқӣ ниҳодҳои муҳимми давлатӣ, мақомоти қонунгузор ва иҷроия, низоми судӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи муосир ташаккул ёфтанд, ки ҳомиёни асосии Ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Сарвари давлат хуб дарк мекарданд, ки таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ бе рушди устувори иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум номумкин аст. Аз ин хотир, сиёсати иқтисодии кишвар ба бунёдкорӣ ва созандагӣ равона шуд. Бо саъю талошҳои Пешвои миллат барномаҳои стратегӣ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ пайгирона амалӣ гардиданд. Бунёди иншооти аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун”, сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва нақбҳо фазои кишварро куллан дигаргун сохта, минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро ба ҳам пайвастанд ва Ваҳдати миллиро аз ҷиҳати ҷуғрофиёиву иқтисодӣ низ таҳким бахшиданд. Маҳз дар партави ҳамин сиёсати оқилона саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардид, ки он Тоҷикистонро аз як кишвари аграрӣ ба як давлати мутараққии саноативу аграрӣ табдил дода истодааст. Бунёди ҳазорҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ на танҳо иқтидори содиротии кишварро боло бурд, балки ба таври назаррас коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани шароити зисти мардумро таъмин намуд. Натиҷаи ҳамин тадбирҳои илман асоснокшудаи иқтисодӣ буд, ки имрӯз симои деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи некуаҳволии ҳар як оилаи тоҷик боло рафтааст. Ин воқеият исботи амалии он мебошад, ки Ваҳдати миллӣ мустақиман ба шукуфоии Ватан таъсир мерасонад.

Бояд зикр кард, ки эҳёи хотираи таърихӣ ва худшиносии миллӣ ҳамеша дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дорад. Чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасарҳои безаволи миллат, ба монанди «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, як инқилоби воқеиро дар тафаккури фарҳангии мардум ба вуҷуд овард. Ин иқдомҳои бесобиқа ба он хотир анҷом дода мешаванд, ки ҷавонони мо аз решаҳои пурғановати таърихии худ огоҳ бошанд ва Ваҳдати миллиро дар заминаи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва шинохти арзишҳои муштарак ҳифз намоянд. Афроди аз ҷиҳати маънавӣ сарватманд ва аз таърихи худ огоҳ ҳеҷ гоҳ ба парокандагӣ роҳ намедиҳанд ва ҳамеша пуштибони Ваҳдати сартосарӣ мебошанд.

Дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи ваҳдатофаринии Тоҷикистон ҳамчун як падидаи нодири сиёсӣ эътироф гардидааст. Қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)” далели равшани гуфтаҳои мост.

Имрӯз сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дарҳои кушод» мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод, ки тавонист дар дохили кишвари худ ваҳдати беназирро барқарор кунад, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Ин таҷрибаи арзишманди амалӣ, ки бо номи «тарҳи тоҷикии сулҳ ва ваҳдат» маъруф аст, имрӯз дар доираҳои илмию сиёсии ҷаҳон пазируфта шудааст. Донишгоҳи сулҳи СММ дар Коста-Рика ва Донишгоҳи давлатии Москва ин таҷрибаро ҳамчун курси махсус барои дипломатҳо ва магистрҳо таълим медиҳанд. Ҳамзамон, Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти САҲА дар Олмон онро мавриди таҳқиқи амиқи илмӣ қарор додааст. Дабири кулли собиқи СММ Кофи Аннан барҳақ таъкид намуда буд, ки тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо намуданд. Илова бар ин, эътирофи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон гувоҳи нуфузи баланди Сарвари давлат аст. Қабули қатъномаҳои СММ ва ЮНЕСКО доир ба ҳифзи пиряхҳо, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудани ёдгориҳои таърихии мо, ҳама самараи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат мебошанд. Тоҷикистон аз як кишвари гирифтори ҷанги дохилӣ ба ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва амнияти минтақавӣ табдил ёфт ва ин ҳама пешрафтҳо танҳо дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва суботи комил ба даст омадаанд.

Хулосаи мантиқӣ аз таҳлили ин равандҳои мураккаби таърихӣ ва сиёсӣ ин аст, ки ҷаҳон ва ободии он бевосита ба Ваҳдат ва ҳамдилӣ вобастагӣ дорад. Ба ҷомеае, ки дар он Ваҳдати миллӣ пойдор аст ва волоияти қонун таъмин мебошад, ҳеҷ гуна таҳдиди беруна ва дохилӣ осеб расонида наметавонад. Таҷрибаи солҳои Истиқлол бори дигар исбот менамояд, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо, асоси давлатдории навин ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама дастовардҳои бузург, аз барқарории сулҳи сартосарӣ то рушди иқтисоду фарҳанг, бевосита ба ном ва фаъолияти фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Меъмори сулҳ ва эҳёгари давлат бо иродаи қавӣ ва муҳаббати бепоён ба миллати худ тавонистанд кишварро аз вартаи фано наҷот дода, ҷомеаи парокандаро сарҷамъ созанд ва ба роҳи рушди устувор ҳидоят намоянд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ин арзиши бебаҳо – Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи пурифтихори ҳар як сокини огоҳи кишвар, хусусан мо – муҳаққиқон ва аҳли илму маориф мебошад. Мо бояд ин арзишҳои олиро эҳтиром намуда, ба наслҳои оянда ҳамчун як давлати неруманд, пешрафта ва воҳид ба мерос гузорем, то Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ бо Ваҳдати шикастнопазири худ ҳамеша поянда ва сарбаланд бошад.

Шарифзода Исмоил,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сардори раёсати таълими ДМТ