Истиқлол тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Устодону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ! Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 9-уми сентябр бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад, бароятон самимона табрик мегӯем.
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 9-уми сентябр бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, зиндагии орому осуда ва барои Тоҷикистони соҳибистиқлол – сулҳу суботи пойдор орзумандам.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рӯйдоди таърихии сарнавиштсоз дар ҳаёти миллати тамаддунофари тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, барои бунёди давлати миллӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ заминаи устувор фароҳам сохт.
Имрӯз мо шукрона мекунем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ ноил гардидааст.
Бидуни шак, Истиқлол неъмати гаронбаҳоест, ки ҳастии давлату миллат, ваҳдату субот ва пешрафту шукуфоии кишвар ба он вобастагӣ дорад. Он, пеш аз ҳама, корномаи фарзонафарзанди миллат – Пешвои муаззами мо мебошад. Аз ин рӯ, пос доштани арзишҳои истиқлол, эҳёи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешрафтаву созандаи Роҳбари давлат, ифтихор ва масъулияти ҳар фарди ватандӯст аст.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар Шуморо бо фарорасии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, хотири ҷамъ ва фаъолияти пурборро баҳри пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу менамоем.
Ҷашни фархундаи Истиқлол муборак!
Бо камоли эҳтиром, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








