МАСЪУЛОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯРО ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ДОДАНД

10

Имрӯз (29.09.2026) бо мақсади омӯзиш ва арзёбии раванди таълиму тарбия, назорати сифати таҳсилот, давомоти донишҷӯён, сатҳи иштироки онҳо дар машғулиятҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, инчунин санҷиши тартиби пешбурди ҳуҷҷатҳои таълимӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомиддин Иброҳимзода, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти вазорат Х. Айниддин ва муовини сардори раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм С. Юсуфалиев ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни боздид масъулони Вазорат аз як қатор факултетҳо ва синфхонаҳои таълимии Донишгоҳ дидан намуда, ба раванди баргузории машғулиятҳо, сатҳи омодагии омӯзгорон, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва шароити таълиму фаъолияти онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба таъмини сифати таҳсилот, назорати давомоти донишҷӯён, сатҳу сифати баргузории машғулиятҳои таълимӣ, риояи талаботи низоми таълиму тарбия, инчунин дуруст ба роҳ мондани пешбурди журналҳои таълимӣ ва дафтарҳои куратории гурӯҳҳои академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини вазири маориф ва илм зимни шиносоӣ ба иштироки фаъолона ва саривақтии донишҷӯён дар машғулиятҳо, риояи талаботи сару либос, сатҳи омодагии омӯзгорон ва муҳтавои дарсҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо донишҷӯён суҳбатҳои мустақим анҷом дод.

Ҳамзамон, дар рафти боздид масъалаҳои марбут ба барномаҳои таълимӣ ва силлабусҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аҳамияти фанҳои таълимӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, ташкили дарсҳои амалӣ ва машғулиятҳои иловагӣ, инчунин таҳкими муколамаи омӯзгорону донишҷӯён мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён масъулони Вазорат ба мазмуну муҳтавои фанҳои таълимӣ ва аҳамияти донишҳои азхудшаванда дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Муовини вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили пайвастаи маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи боздид масъалаҳои таҳкими заминаи моддию техникии Донишгоҳ, беҳтар намудани шароити таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати такмили минбаъдаи раванди таълиму тарбия ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи маориф тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.