42-ЮМИН ХОНИШҲОИ СИНОӢ

230

Имрӯз (17.04.2024) дар доираи баргузории чорабиниҳои илмиву маърифатӣ дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 42-юмин Хонишҳои синоӣ баргузор гардид, ки дар он доктори илмҳои химия, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, устоди кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Бандаев Сироҷиддин Гадоевич дар мавзӯи “Меркурононидани арилсиклопропанҳо ва имконияти истифодаи он дар синтези органикӣ. Назария ва амалия” маърӯза намуд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. оғоз ёфт. Зимнан таъкид шуд, ки аз нигоҳи таърих миллати тоҷик дар ҳама давру замон бо илму ҳикмати ҷаҳонгираш шуҳрат дошт. Ихтирооти Ибни Сино ва ҳаммаслаконаш аз таърихи ташаккули илм, аз ҷумла илмҳои табиӣ ва тибиӣ, дар гузаштаи миллат гувоҳӣ он аст, ки тоҷикон дар масири таърих, илму ҳикмат ва адабу фарҳангофарӣ мавқеи шоиста доштанд. Маҳз ҳамин хизматҳои бузурги гузаштагонамонро ба инобат гирфта, дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хонишҳои синоӣ барогузор карда мешавад.

Дар ҳамин зимн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Мақсад аз ташкили Хонишҳои синоӣ ба олимони ҷавону шогирдон ошно намудани олимони маъруф, дастоварду комёбиҳои соҳа ва ба ин роҳ ҷалб намудани ҷавонон ба илми химия мебошад. Маҳз баргузории ин чорабинӣ боис гардидааст, ки олимони маъруфи кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омада, бобати дастоварду комёбиҳои илмиашон дар назди олимону донишҷӯёни тоҷик маърӯзаҳо кунанд.

Аз замони ташкил (соли 1966) то ҳол 41 нафар олимони маъруфи соҳа, аз ҷумла 4 нафар Президентҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон ба Хонишҳои синоӣ омада маърӯзаи илмӣ намудаанд. Аввалин хонандаи Хонишҳои синоӣ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дорандаи ҷоизаи ленинӣ ва 2 ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ, арбоби шоистаи илм ва техникаи ИҶШС (СССР), академик, д.и.х., профессор Б.П. Никольский буд, ки ӯ на танҳо дар тарбияи химикони Тоҷикистон саҳм дошт, балки ба китобхонаи факултаи химия маҷаллаҳои илмии зиёдеро туҳфа намуда, мактаби илмии худро дар факултети химия ташкил ва мушовирӣ намудааст.

Хонандаи фахрии Хонишҳои синоӣ, академик, Президенти Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) дар солҳои 1957-1986, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, барандаи мукофоти ленинӣ, 3 карат қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Александров Анатолий Петрович мебошад, ки ӯ соли 1981 дар мавзӯи «Физические и химические проблемы в атомной энергетике» маърӯза кардааст.

Ба ҳамин тартиб, ин анъанаи нек аз соли 1966 то ҳол идома дорад. Инак хондани 42-юмин Хонишҳои синоӣ олими маъруфи соҳаи химия, профессор Бандаев Сироҷиддин Гадоевич мебошад.

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич 10 марти соли 1945 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1970 шуъбаи химия-биологияи факултети география ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1972–1975 аспирант ва 1989–1992 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буда, диссертатсияи номзадии худро соли 1975 ва диссертатсияи докториашро соли 1992 дар шаҳри Москва бо муваффақият ҳимоя кардааст.

Таҳқиқотҳои илмии устод Бандаев С.Г. ба омӯхтани қонуниятҳои реаксияи арилсиклопропанҳо бо намакҳои симоб (II) ва модификатсияи маҳсулотҳои реаксия ба пайвастҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ бахшида шуда, дар натиҷаи таҳқиқоти зиёда аз 50 солаи худ, усули ҳосил кардани як силсила спиртҳо ва эфирҳои гамма-меркуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда, роҳҳо ва нақшаҳои нави истифодаи синтетикии онҳоро нишон додааст. Ихтироҳои мазкур имконият медиҳанд, ки навъҳои васеи орто-ҳосилаҳои нитрозобензолҳо барои ҳосил кардани пайвастҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ ба сифати моддаҳои аввалия истифода карда шаванд.

Устод Бандаев С.Г. муаллифи 20 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, 58 дастури методӣ ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавиеанд, ки онҳо бо забонҳои тоҷикию рӯсӣ ва анлисию немисӣ дар давлатҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Дар таҳияи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ» аз рӯйи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ саҳмгузор буда, даҳҳо китобу диссертатсияҳоро хонда ба онҳо тақриз навиштааст. Иштирокчии симпозиуми байналмилалии ИЮПАК (Москва, 1986) ва (Қоҳира, 1992) буда, дар як қатор анҷуману конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумиитифоқӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Дар тарбияи даҳҳо мутахассисони баландихтисоси илмӣ саҳми арзанда гузошта, зери роҳбариаш 15 нафар диссертатсияҳои номзадӣ омода ва ҳимоя кардааст.

Солҳои 1970–1972 ассистент, 1976–1982 муаллими калон, 1982–1992 дотсент, 1982-1989 ва 1995-1998 мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1979–1980 декани факултети биология-химия, аз соли 1993 то инҷониб профессор, 1995–1998 муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1998–2009 муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва аз соли 2010 инҷониб мушовири ректор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият намуда истодааст. Солҳои 1971–1972 дар Донишгоҳи давлатии Ленинград, 1978–1979 дар Донишгоҳи Лейпсиги Олмон ихтисоси худро такмил додааст.

Барои хизматҳои мондагораш дар ҷабҳаи илму таълим устод Бандаев С.Г.-ро бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи ИҶШС», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «20 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали фахрии Амрико-2003 қадр шуда, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2000), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005) буда, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012), барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2021) мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ихтисосҳои омӯзгорӣ дар самти химия таҳти роҳбарии профессор Бандаев С.Г. таҳия гардида, аз ҷумла устод муаллифи китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10 мебошад.

Устод Бандаев С.Г. ба ҳайси раиси шурои диссертатсионӣ доир ба дифои диссертатсияҳои номзадӣ аз рӯйи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология) (аз соли 2018 то ҳол), аъзои шурои диссертатсионӣ доир ба дифои диссертатсияҳои докторӣ ва номзадии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ (аз соли 1993 то ҳол), аъзои шурои диссертатсионӣ доир ба дифои диссертатсияҳои докторӣ ва номзадии ДМТ (аз соли 2017 то ҳол), раиси гурӯҳи коршиносони Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба химия (аз соли 1995, то ҳол), раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба химияро ба ӯҳда дорад, ки дар омодаву тарбия намудани мутахассисони баландихтисос, таҳия ва омода сохтани стандартҳои маълумот, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва воситаю дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилот миёнаи умумӣ ва олии касбӣ заҳматҳои зиёд кашида истодааст.

Садорати факултети химия