АБУАЛӢ ИБНИ СИНО – МУТАФАККИРИ БАРҶАСТАИ ТОҶИК

32

Таҳти чунин унвон имрӯз (07.05.2025) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир ва ҳаким Абуалӣ ибни Сино, ки бо Амри Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-713, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1045 солагии Абуалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва факултети химия ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эҳё ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик корҳои шоёне карда истодаанд, ки намунааш таҷлили 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир ва ҳаким Абуалӣ ибни Сино мебошад. Вобаста ба эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои Абуалӣ ибни Сино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ- “Чеҳраҳои мондагор” чунин қайд кардаанд: Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ Абуалӣ ибни Сино дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишгоҳҳо ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтиром ва маскани ӯ дар дили халқи мост».

Дар ҳамоиш аз ҷониби олимони соҳаи химия Сафармамадзода С.М., Раҳимова М., Файзуллозода Э.Ф., Қодиров М. З., Ёрмамадова С.Г., ва Собиров Ҳ.М., маърӯзаҳои мурмуҳтаво оид ба мавзӯҳои “Зиндагиномаи Абуалӣ ибни Сино”, “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илми кимиё”, “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар омӯзиши хосиятҳои об”, “Маълумотҳои кимиёӣ дар китоби Ал-Қонуни Абуалӣ ибни Сино” ва “Рахшони дунё” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Абуалӣ ибни Сино дар илми кимиё пешниҳодҳои муҳим намуда, бештар ба хосиятҳо, ҳосил кардан ва истифодаи моддаҳои органикиву ғайриорганикӣ, ҳафт металл (тилло, нуқра, мис, оҳан, симоб, қурғошим ва қалъагӣ) дар ҳамон замон машҳургашта бештар аҳамият дода, тиллоро дар ҷойи аввал мегузошт. Умуман инкишофи илми химия дар асри миёна ба номи файласуф, табиатшинос, табиб ва адиби бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино марбут буда, дар китоби “Ал-қонун” вай инкишофи илми химия ва ҳамаи маълумотҳои замони худро ҷамъбаст карда фикру мулоҳизаҳои хешро баён сохтааст.

Ҳамоиш бо баргузории саволу ҷавоб ва табодули андешаҳо ба анҷом расид.