ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ИҚТИСОД

868

Имрӯз (18.02.2022) бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Механизмҳои молиявию қарзии татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М ва декани факултети молиявию иқтисодӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор И. Шамсов оғоз ёфт.

Сипас доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ Х. Умаров оид ба «Масоли мубрами ташаккул ва тақсими васоити буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  З. Султонов доир ба «Масъалаҳои баланд бардоштани таъсири воситаҳои молиявӣ ба рушди соҳибкорӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди инноватсионию рақамӣ» ва дигар намояндагони  сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДАҶТ «Амонатбонк» дар мавзӯҳои «Механизми нави андозбандӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав», «Вазъи кунунии бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Раванди пешниҳоди қарз ва намудҳои он дар БДА ҶТ «Амонатбонк»», «Муаммоҳо дар низоми фаъолияти бозори коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоли вобаста ба илми иқтисод маърӯзаҳо намуданд.