Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрии судманд бо донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих, фалсафа ва муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши муҳим роҳбарияти шуъбаи кор бо ҷавонони ДМТ, намояндагони раёсат ва сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон, инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи амалии нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро муайян намуда, нақши ҷавононро ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа махсусан арзёбӣ мекунад.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, фаъолияти илмӣ, соҳибкорӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа заминаи устувор мегузорад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ ва боло бурдани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як ҷавон қарор дошта бошад.
Дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ донишҷӯёнро ба ҳушёриву зиракӣ, риояи қонун ва саҳмгузорӣ дар таъмини суботу амнияти ҷомеа даъват намуданд.
Қайд гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар фарҷом таъкид шуд, ки ҳамкории зичи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор метавонад дар самти тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва соҳибмаърифат нақши муассир гузорад.








